Кишоварзони ноҳияи Фархор дар беш аз 9 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд

Апрель 19, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Фархор тибқи нақша дар  9740 гектар  пунбадона  кишт карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор иттилоъ доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмуи  заминҳои корам  дар ноҳия  24 511  гектарро ташкил дода, аз ин  19000 гектараш  заминҳои корами обӣ  мебошад.

Ҳамчунин дар ноҳия барои таъмини амнияти озуқавории кишоварзон дар 10678  гектар маҳсулоти ғаладонагӣ,   дар 368 гектар картошка,  дар 550 гектар пиёз,  дар 950 гектар сабзавот ва  дар 830  гектар  полезӣ  кишт намудаанд, ки 65 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Фархор Маҳмадшариф  Намозов   иброз намуд, ки  «обёрии  саривақтии  қитъаҳои замини  корам  муҳимтарин  омили таъмини   фаровонҳосилӣ дониста мешавад. Дар ноҳияи Фархор  барои обёрии заминҳои корам  5 пойгоҳи  обтаъминкунӣ мавҷуд аст, ки тавассути   ин пойгоҳҳо  5486 гектар  қитъаҳои  замини корам бо оби полезӣ  таъмин карда мешаванд».

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар мавсими обёрӣ   барои сари вақт   бо оби полезӣ  таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ  то имрӯз  дар 32 километр  канал  ва дар 20 километр  заҳбуру  заҳкашҳо  тоза карда шуда,  раванди омодагиҳо  ба мавсими обёрӣ   идома дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 19, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад