«МАДАНИЯТИ ШАҲРДОРӢ». Дар Хатлон амалиёти пешгирии фурӯши ғайрисанитарии маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз гардид

Апрель 21, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 21.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бартараф намудани омилҳои халалдоркунандаи симои шаҳр, ба танзим даровардани бетартибӣ дар назди бозорҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз байн бурдани ҳолатҳои фурӯши ғайрисанитарии маҳсулоти хӯрокворӣ, тоза намудани роҳравҳои назди бозор аз савдои кӯчагӣ, ки боиси нороҳатӣ ва муроҷиати шаҳрвандон гардидааст, аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо ҷалби кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ваколатдори давлатӣ амалиёти профилактикии «Маданияти шаҳрдорӣ» оғоз гардид.

Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вақти гузаронидани амалиёт танҳо дар атрофи бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон 540 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадидӣ якчанд фурӯшанда дар дохили бозор соҳиби ҷой ва раста барои фурӯши маҳсулот гардид.

Зимнан нуқтаҳои савдо ва хизматрасоние, ки дар атрофи бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар бе иҷозатнома фаъолият дошанд, бартараф карда шуданд. Ин нуқтаҳои фурӯш, ки дар ду канори роҳи пиёдагард воқеъ буданд, ба пиёдагардон халал мерасониданд.

Дар ин замина масъулини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз соҳибмулкони мағозаву марказҳои хизматрасонӣ ва аҳолии вилоят хоҳиш менамояд, ки талаботи қонунгузорӣ ва одоби шаҳрдориро риоя намоянд.

Симои шаҳрдорӣ муаррифи фарҳангу маданияти сокинону бошандагон буда, аз ҳар сокини шаҳр тақозо менамояд, ки тартиботи дохилӣ ва фарҳанги шаҳрдориро риоя намояд. Зеро набудани тартибот дар гулгашту хиёбон, назди бозор ва марказҳои савдои умумӣ, ба монанди савдо дар ҷойи номуайяншуда, бе риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар замин гузошта, фурӯхтани маҳсулоти хӯрокворӣ, худсарона гузоштани танӯр ва дар роҳрав гузоштани мизу растаҳои фурӯшӣ ба симои шаҳр таъсири манфӣ мерасонад.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

 

Апрель 21, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд