МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ангат раванди пиршавиро суст ва бемориҳои мавсимии вирусиро пешгирӣ менамояд

Апрель 6, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 06.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар таркиби меваҳои ангат (облепиха) миқдори зиёди витаминҳо, микроэлементҳо, равғанҳо ва дигар моддаҳои аз ҷиҳати биологии фаъол мавҷуд аст. Ин гиёҳ раванди пиршавиро суст намуда, барои пешгирии бемориҳои мавсимии вирусӣ кумак мекунад. Чунин иброз дошт директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии тадқиқотии фармасевтӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Ахмедов.

Ба иттилои мутахассис, дар он витамини С ба микдори 120-150 мг фоиз, А — 8-10 мг фоиз, Е — то 30 мг фоиз, К — 0,9-1,2 мг фоиз, Р — 75-100 мг фоиз, витаминҳои В1, В2, В9 ва микроэлементҳои бор, оҳан, марганетс ба микдори кам мавҷуд ҳастанд.

Ангат буттаи бисёрсола ё дарахти хурд аст, ки дар минтақаҳои иқлимаш муътадил ва хунук, аз ҷумла  баъзе минтақаҳои Тоҷикистон низ мерӯяд. Он ҳамчун гиёҳи дорои миқдори зиёди витаминҳо ва хосиятҳои шифобахш маъмул аст.

Таркиби химиявии буттамева

Ангат аз витаминҳои B1, B2, P, C, E, K хеле бой аст, аз ҷумла дар таркиби он флавоноидҳо, кислотаи фолий, каротиноидҳо, бетаин, холин, кумаринҳо, глюкоза, фруктоза ва фосфолипидҳо мавҷуд мебошанд.  Буттамева дорои миқдори хеле зиёди кислотаҳо, аз қабили кислотаи лимӯӣ ва кофеин мебошад. Ин бутта дорои  макроэлементҳо ва микроэлементҳо, аз қабили натрий, магний, оҳан, кремний, алюминий, сурб, никел, марганетс мебошад.

Ангат барои фаъолияти майнаи сар низ муфид аст

 «Рибофлавин ва тиамин кори хуби системаи асаб ва майнаро таъмин карда, хотираро беҳтар менамоянд. Он инчунин ба саломатии чашм низ муфид аст. Ангат метавонад ҳолати синдроми ба истилоҳ «чашми хушк»-ро беҳтар созад. Таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки иловаҳои ангат сурхӣ ва сӯзиши чашмро коҳиш медиҳанд», -иброз намуд директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии тадқиқотии фармасевтӣ».

Инчунин ангат барои хуб шудани системаи ҳозима кумак мекунад. Дар тибби халқӣ ангат барои беҳтар кардани ҳозима, саломатии ҷигар ва инчунин табобати баъзе бемориҳои пӯст истифода мешавад.

Ангат ба беморони гирифтори подагра (ниқрис), тарбод ва артрит низ тавсия дода мешавад.

Дар ғизои парҳезӣ самаранок истифода мешавад

Ангат аксар вақт дар ғизои парҳезӣ тавсия дода мешавад, зеро он ба суръатбахшии мубодилаи моддаҳо дар бадан мусоидат ва ҳаракати рӯдаҳоро беҳтар намуда, таъсири хуб дорад. Кислотаҳои равғанӣ барои тезтар шикастани равғанҳо кумак мерасонанд ва ҷамъшавии чарбуи навро пешгирӣ мекунанд. Буттамеваи ангат инчунин эҳсоси гуруснагиро коҳиш медиҳад.

Яке аз роҳҳои маъмултарин ва одитарин тайёр кардани чойи фоидабахш аз ангат мебошад. Барои ин як қошуқи меваи ангатро ба як шиша оби ҷӯшон андохта, 30-40 дақиқа тар кардан зарур аст.

Меваи ангатро дар шакли тару тоза ё яхкарда истеъмол кардан мумкин аст. Он бояд дар яхдон нигоҳ дошта шавад ва фавран пеш аз хӯрок шуста шавад.

Равғани ангат чӣ фоида дорад?

Ангат дар шакли равған барои захмҳо, сӯхтагӣ, бемориҳои пӯст ва соҳаи косметология васеъ истифода мешавад. Он дар нигоҳубини пӯст хеле маъмул аст.

Ин равған метавонад барои ҳалли мушкилоти пӯсти равғанин кумак кунад — онро ба пӯст молидан ё барои тайёр кардани ниқобҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст. Равған дар мубориза бо нохунҳои шикаста кумак мекунад ва намуди зоҳирӣ ва сохтори мӯйро беҳтар менамояд.

«Аз миқдор зиёд истифода бурдани ангат тавсия дода намешавад. Хусусан одамони гирифтори бемории хун дар истифодаи он бояд эҳтиёткор  бошанд, зеро ин растанӣ таъсири моеъкунанда дорад, ки хатари хунравиро зиёд мекунад», -изҳор дошт Фарҳод Ахмедов.

Он инчунин метавонад боиси якбора паст шудани сатҳи қанди хун дар одамони гирифтори диабет гардад. Малҳамҳои зидди сӯхтагӣ бо истихроҷи ангат метавонад аксуламали аллергиро ба вуҷуд оваранд.

Илова бар ин, ангат метавонад ба самаранокии баъзе доруҳое, ки бемориҳои меъдаю рӯда, дилу рагҳо ва онкологияро табобат мекунанд, таъсир расонад. Аз ин рӯ, мутахассис тавсия медиҳад, ки ҳар шахс пеш аз гирифтани ҳама гуна иловаҳои дорои ангат бояд бо духтур маслиҳат намояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 6, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«КӮДАКОН-ДУНЁИ МОЯНД!». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана таҷлил мегардад
ОБШАВИИ ПИРЯХҲО. Ҳаёт нишон дод, ки он ҳама бонги хатар ва ҳушдорҳои Президенти Тоҷикистон чӣ қадар бамаврид ва дурбинона будаанд
ҚОНУНИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ. Қабули он зарурати воқеӣ ва танзими он баракати зиндагӣ гардид
Дар Тоҷикистон бо таъсири тағйирёбии иқлим шумораи кӯлҳои пиряхӣ ба 397 адад расидааст
Ҳалли масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо сиёсати ҳадафманду мушаххасро тақозо менамояд
ТОҶИКИСТОН — САРЗАМИНИ ПИРЯХҲО ВА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ. Конфронси Душанбе оғози марҳилаи нав дар самти ҳифзи пиряхҳо мегардад
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Барои омӯзиши пиряхҳо ва мониторинги иқлим бояд марказҳои муштараки илмӣ таъсис дода шаванд
Шаҳри Душанбе гаҳвораи зуҳури дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об дониста мешавад
«САДРИДДИН АЙНӢ ВА ИНҚИЛОБИ МАДАНӢ». Ин таҳлил даъват ба ҳушёрӣ ва талош барои ҳифзи дастовардҳои маънавӣ аст
ВАСФИ ВАТАН ВА ХИРАД ДАР «ШОҲНОМА». Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нуриддин Саид ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2025 соли гармтарин дар дунё буда, таъминоти аҳолии ҷаҳон бо озуқаворӣ мушкил мегардад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Пиряхҳо сайёраро бо оби тоза таъмин менамоянд