Муҳлати пешниҳоди дархостҳо барои ташкили намоишгоҳҳо дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо тамдид карда шуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муҳлати пешниҳоди дархостҳо барои ташкили намоишгоҳҳо дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо то 17 апрел тамдид карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хабар доданд.
Дар намоишгоҳҳо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ, миллии ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, институтҳои молиявӣ, академияҳо, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра метавонанд иштирок намоянд.
Шахсони ҳавасманде, ки мехоҳанд лавҳаи намоишгоҳӣ ташкил намоянд, бо ин истинод: https://qrc.mfa.tj/exhibition-registration?eventId=2f3f91f2-f8ac-44e6-aacf-e3d0f96e76e7 метавонанд то 17 апрели соли 2025 худро сабти ном кунанд.
«Мо бесаброна интизори дидани шумо ҳамчун иштирокчии фаъоли Конфронси байналмилалии пиряхҳоем, ки 29-31 май дар Душанбе баргузор мешавад. Ҳамчунин интизор ва умедворем, ки дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои он ҳамкорӣ менамоем», — таъкид намудааст котиботи конфронс.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд






