Мудирони бахши таблиғотии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ба даври бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 07.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи тахассус, савияи дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии кормандони ҳизбӣ ва мушаххас намудани самти фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ аз 7 то 11 апрел даври бозомӯзӣ барои мудирони бахши таблиғотии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб хабар доданд.
Зимни ифтитоҳи даври бозомӯзӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода дар мавзуи «Роҳҳои самарабахш намудани фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ» маъруза намуд.
Мавсуф ёдовар шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони мамлакат ҳамчун ҳизби мардумӣ эътироф намуда, ҳамагон дар асоси иродаю боварии самимӣ дар атрофи он муттаҳид мешаванд. Унсури асосии муттаҳидсозию ба фаъолияти созанда раҳнамун кардани ҷомеа, пеш аз ҳама, дар асоси дарку амалисозии талаботу манфиатҳои мардум ба даст меояд
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузор намудани даври бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва фаъолони ҳизб тақвияти маҳорати касбии кормандони ҳизбӣ, омӯзиши роҳу воситаҳои муосири корбарӣ байни мардум, беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои дохилиҳизбӣ, татбиқи самараноки санадҳои муҳим вобаста ба ҳизб, аз ҷумла барномаҳои қабулшуда ва дарёфти тарзу усулҳои фаъолияти муосиру ҷавобгӯ ба талаботи рӯз мебошад.
Иброз гардид, ки барои дар сатҳи баланд ва натиҷабахш ҷамъбаст гардидани ин давр мавзуъҳои муҳимму ҳалталаби ҷомеа ба барнома ворид карда шуда, мутахассисони баландсавияю варзидаи соҳаҳои гуногуни мақомоти ваколатдору салоҳиятдори давлатӣ барои маъруза ва суҳбату андешаронӣ даъват гардиданд.
Маърузаву пешниҳод ва тавсияи олимону коршиносон ва мутахассисони варзида аз соҳаҳои гуногун барои ҳар иштирокчӣ дар самти тақвияти кори ҳизбӣ бағоят пураҳаммият ва омӯзанда хоҳад буд.
Бояд таъкид намуд, ки фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо роҳнамоиву дастгириҳои Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол беҳтар гардида, мақоми он байни дигар ҳизбҳои сиёсӣ муассиртар мешавад.
Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки дар Барномаи амалии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 таҳти шиори «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон» ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа инъикос ёфта, мушкилоту проблемаҳои мардум дар маркази таваҷҷуҳи ҳизб қарор доранд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз лиҳози корбарӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои сиёсати байналмилалӣ ба сатҳу марҳилаи нав ворид гардидааст. Аз ин рӯ кормандони масъули ҳизб ва аъзои ҳизбро мебояд фаъолият ва интизоми ҳизбиро низ дар сатҳу сифати нав доир намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси барномаи даври бозомӯзӣ баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва шиносоӣ бо кори ташкилоти ҳизбии ҳудуди пойтахт барои таҷрибаомӯзӣ дар назар аст.
АКС: Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






