Мудирони бахши таблиғотии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ба даври бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд

Апрель 7, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 07.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи тахассус, савияи дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии кормандони ҳизбӣ ва мушаххас намудани самти фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ аз 7 то 11 апрел даври бозомӯзӣ барои мудирони бахши таблиғотии  кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи даври бозомӯзӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода дар мавзуи «Роҳҳои самарабахш намудани фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ» маъруза намуд.

Мавсуф ёдовар шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони мамлакат ҳамчун ҳизби мардумӣ эътироф намуда, ҳамагон дар асоси иродаю боварии самимӣ дар атрофи он муттаҳид мешаванд. Унсури асосии муттаҳидсозию ба фаъолияти созанда раҳнамун кардани ҷомеа, пеш аз ҳама, дар асоси дарку амалисозии талаботу манфиатҳои мардум ба даст меояд

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузор намудани даври бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва фаъолони ҳизб тақвияти маҳорати касбии кормандони ҳизбӣ, омӯзиши роҳу воситаҳои муосири корбарӣ байни мардум, беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои дохилиҳизбӣ, татбиқи самараноки санадҳои муҳим вобаста ба ҳизб, аз ҷумла барномаҳои қабулшуда ва дарёфти тарзу усулҳои фаъолияти муосиру ҷавобгӯ ба  талаботи рӯз мебошад.

Иброз гардид, ки барои дар сатҳи баланд ва натиҷабахш ҷамъбаст гардидани  ин давр мавзуъҳои муҳимму ҳалталаби ҷомеа ба барнома ворид карда шуда, мутахассисони баландсавияю варзидаи соҳаҳои гуногуни мақомоти ваколатдору салоҳиятдори давлатӣ барои маъруза ва суҳбату андешаронӣ даъват гардиданд.

Маърузаву пешниҳод ва тавсияи олимону коршиносон ва мутахассисони варзида аз соҳаҳои гуногун  барои ҳар иштирокчӣ дар самти тақвияти кори ҳизбӣ бағоят пураҳаммият ва омӯзанда хоҳад буд.

Бояд таъкид намуд, ки фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо роҳнамоиву дастгириҳои Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол беҳтар гардида, мақоми он байни дигар ҳизбҳои сиёсӣ муассиртар мешавад.

Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки дар Барномаи амалии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 таҳти шиори «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон» ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа инъикос ёфта, мушкилоту проблемаҳои мардум дар маркази таваҷҷуҳи ҳизб қарор доранд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз лиҳози корбарӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои сиёсати байналмилалӣ ба сатҳу марҳилаи нав ворид гардидааст. Аз ин рӯ кормандони масъули ҳизб ва аъзои ҳизбро мебояд фаъолият ва интизоми ҳизбиро низ дар сатҳу сифати нав доир намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси барномаи даври бозомӯзӣ баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва шиносоӣ бо кори ташкилоти ҳизбии ҳудуди пойтахт барои таҷрибаомӯзӣ дар назар аст.

АКС: Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Апрель 7, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд