НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ. Тоҷикистон ба мавҷи аккумуляторҳои истифодашудаи онҳо чӣ гуна омодагӣ мебинад?

Апрель 27, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Озод намудани воридоти нақлиёти барқӣ аз пардохти гумрукӣ ва дастгирии давлатӣ дар доираи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» сабаб гардид, ки шумораи воситаҳои нақлиёти «сабз» аз тақрибан 500 адад дар солҳои 2021-2022 ба беш аз 27 ҳазор адад дар соли 2025 афзоиш ёбад. Бо назардошти он ки муҳлати миёнаи истифодаи батареяҳои литий ионӣ 8–10 сол аст ва онҳо имкон медиҳанд масофаи 150-200 ҳазор километр роҳро тай намоянд, аллакай дар солҳои 2029-2030 аввалин мавҷи батареяҳои истифодашудаи нақлиёти барқии солҳои 2021-2022 воридшуда пеш меояд ва шумораи бештари сарборӣ барои нобудсозии аккумуляторҳо дар солҳои 2030-2033 пешгӯӣ карда мешавад.

Дар доираи иҷрои барнома, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз меъёрҳои байналмилалӣ 14 стандарти техникӣ таҳия намуд, ки онҳо талабот ба шакл ва андозаҳои батареяҳои литий ионӣ, талаботи бехатарии барқӣ барои ҳифзи саломатӣ аз таъсири ҷараёни электрикӣ ва ҳарорати хатарнок, инчунин усулҳои санҷиши тобоварӣ ба расиши кӯтоҳу гармшавиро дар бар мегиранд.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ҳамаи стандартҳои номбурда пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва бо пешниҳоди хулосаи экспертӣ аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» муваффақона раванди тасдиқгардониро гузашта, ҳоло ҳамчун ҳуҷҷатҳои меъёрии амалкунанда дар соҳаи нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда, истифода мегарданд.

Тибқи арзёбии мутахассисон, аллакай аз соли 2030 дар Тоҷикистон ҳар сол қариб 1000–1500 тонна батареяҳои литий ионии аз фаъолият бозмонда ё муҳлати истифодаашон баохиррасида ҷамъоварӣ мегарданд.

Дар ҳолати ташкил намудани шабакаи васеи нуқтаҳои қабул ва ҷамъоварии батареяҳои истифодашуда ва нобудсозии мунтазам суръати ҷамъоварии аккумуляторҳои истифодашуда пас аз гузариш аз сарбории баландтарини он, ки ба солҳои 2030-2033 рост меояд, муътадил мегардад.

Технологияҳои коркард ва нобудсозии батареяҳои истифодашуда гуногун мебошад. Ба таври механикӣ- бо роҳи қимакунӣ ва ҷудокунии металлҳо ва гидрометаллургӣ- бо роҳи ҳалкунии кимиёвӣ бо ҷудо намудани элементҳои литий, никел, кобалт ва дигар металлҳо (бо тозакунии минбаъдаи оби истифодашуда) ва пирометаллургӣ- бо гудохтани элементҳои аккумуляторӣ дар ҳарорати баланд аз ин қабил мебошанд. Илова бар ин, барқарор намудани батареяҳои истифодашуда ва насби он дар системаи захиракунии энергия (second life) барои корхонаҳои истеҳсолии ба устувории таъмини барқ ҳассос ва инчунин барои мувозинатнигоҳдории шабакаи таъмини барқ бо роҳи истифодаи дастгоҳи захиравии иловагӣ дар назди истгоҳҳои барқӣ аз қабили технологияҳои умедбахш ба ҳисоб меравад.

Барои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории бехатарии батареяҳои корношоям зарур аст, ки шабакаи нуқтаҳои қабули онҳо дар марказҳои хизматрасонии техникии корхонаҳои нақлиётӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар то майдончаҳои сайёр дар ноҳияҳои дурдаст бо ташкили қуттиҳои герметикии ба талаботи зиддиоташгирӣ тобовар ва пешгирии ихроҷи электролиту дигар моеъҳои хатарнок ташкил карда шавад.

Рушди нобудсозии батареяҳои истифодашуда на танҳо аз ҷиҳати экологӣ, балки аз нуқтаи назари иқтисодӣ низ манфиатовар аст. Баргардонидани металлҳои қиматбаҳо, аз қабили литий, никел ва кобалт ба даври дубораи истифодаи истеҳсолӣ вобастагии ҷумҳуриро аз чунин мавод коҳиш дода, имкони ташкили ҷойи нави корро пайдо менамояд. Дастгирии давлатӣ дар самти пажуҳишу таҳқиқот ва татбиқи меъёрҳои бехатарии нигоҳдорӣ ва интиқол ба ташаккули заминаи меъёриву ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Амалигардонии муваффақонаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» имкон медиҳад, ки то солҳои 2030-2033 иқтидори коркарди то 5 ҳазор тонна батарея дар як сол бо имкони афзоиши ин иқтидор амалӣ шавад.

Бо назардошти афзоиши босуръати парки нақлиёти барқӣ ва омодагӣ ба мавҷи батареяҳои истифодашуда дар ҷумҳурӣ бояд на танҳо шароити муътадили воридот ва истеҳсолоти нақлиёти «сабз» ба роҳ монда шавад, балки низоми мукаммали гардиш – аз воридоту истеҳсолот то истифодаи дубораи он ташкил карда шавад. Технологияҳои муосири коркард, ташкили шабакаи васеи нуқтаҳои қабули батареяҳои истифодашуда, арзиши пасти неруи гидроэнергетикӣ ва дастгирии давлатӣ дар доираи барнома асоси вазифаи барқикунонии нақлиёт ва паст намудани вобастагии соҳа аз маҳсулоти нафтӣ мебошанд.

Танҳо ҳалли маҷмуии вазифаҳои дарпешистода имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи истифодабарандаи иқтисоди «сабз» дар миқёси Осиёи Марказӣ муаррифӣ карда шавад.

Камол ҒУЛОМЗОДА,
муаллими калони кафедраи «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрикӣ
ва мошинҳои электрикӣ»-и
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

 

Апрель 27, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Ҷаҳон Азонов: «Истеъмоли нодуруст ва аз меъёр зиёди ғизо давомнокии умрро кӯтоҳ мекунад»
ДАР ҲАР ЯК ОҲАНГ МУҲАББАТИ БЕАНДОЗАИ ТОҶИКОН БА ВАТАН ЭҲСОС МЕШУД. Бардошт аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия
Ҳайати «Амонатбонк» дар ҷаласаи Шурои сарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ иштирок намуд
Дар Душанбе дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Арманистон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ гардид
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода: «Пиряхҳо на танҳо массаҳои ях, балки бойгонии зиндаи геологӣ мебошанд»
Дар Тоҷикистон беш аз 225 ҳазор тонна хӯроки чорво захира шудааст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бодинҷон барои беҳтар шудани кори дил ва узвҳои ҳозима мусоидат мекунад
Губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шэнсии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуд
САРФАКОРӢ — БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд
Тоҷикистон дар муборизаи байналмилалӣ барои ҳифзи бабри барфӣ саҳм мегузорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Норасоии намӣ ба решаи дарахтон самаранокии боғотро паст мекунад
Густариши ҳамкории вилояти Хатлон бо музофоти Шэнсӣ баррасӣ шуд