Намояндаи Тоҷикистон бо муовини Котиби генералии Иттиҳоди байналмилалии алоқа мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо муовини Котиби генералии Иттиҳоди байналмилалии алоқа Томас Ламанаускас баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ, ҳукумати электронӣ ва таҳияи Стратегия оид ба амнияти кибериро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо инчунин омодагӣ ба Конфронси ҳифзи пиряхҳоро дар Душанбе ва саммитҳои ҷаҳонии 2025 оид ба ҷомеаи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди байналмилалии алоқаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария








Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд






