«НАВРӮЗ — ИДИ ЗАНОНИ ВАҲДАТСАРО». Ин форум занони тоҷик, узбек ва қирғизро дар фазои дӯстӣ ба ҳам овардааст

Апрель 1, 2025 13:47

ДУШАНБЕ, 01.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон таҳти унвони «Наврӯз-иди занони ваҳдатсаро» Форуми байналмилалии занон баргузор гардид.

Форум бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи ташрифи Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон ва тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз ташкил гардид.

Иштирокчиён ҳадафи асосии форумро фароҳам овардани фазои идона ва таҳкими ваҳдати занон, нақши занон дар ҳифз ва нигаҳдошти анъанаҳои миллӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти соҳибкории занон арзёбӣ намуданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки баргузории чунин форумҳои байналмилалӣ дар самтҳои афзалиятнок барои баланд бардоштани нақши занон дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими давлатҳо имконияти мусоид фароҳам меорад.


«Мулоқоти мунтазами Сарони давлатҳо ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ оид ба бисёр масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар самти занон замина мегузорад», — гуфт Дилрабо Мансурӣ.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода баён дошт, ки ҳамкории ҷонибҳо ба рушди шарикии стратегӣ, таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории зич байни давлатҳои бародар такони нав мебахшад.

«Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо меҳмоннавозии худ шуҳрат дорад ва ҳамеша кӯшиш менамояд, ки дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмиро ровоҷ дода, ҳамкориро бо давлатҳои дӯсту ҳамсоя таҳким бахшад. Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки ҳамчун рамзи муттаҳидкунанда дар ҷаҳон эътироф шудааст, занони минтақаҳо, хусусан давлатҳои ҳамсояи моро водор месозад, ки дар ҳифз ва нигаҳдошти анъанаҳои наврӯзӣ саҳми назаррас гузорем», — изҳор дошт Бунафша Файзиддинзода.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ҳамзамон изҳор дошт, ки «мо, занон таваҷҷуҳи сарони давлатҳо ва саҳми онҳоро дар таҳкими равобити байни давлатҳо инчунин мусоидат ба баробарӣ ва тавсеаи имконият барои занон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи саъю кӯшиши муштараки мо барои рушди муносибатҳои устувор ва мутақобили судманд мебошад, хеле қадр менамоем».


Зимни форум ёдоварӣ гардид, ки соли 2024 байни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оила ва занони Ҷумҳурии Узбекистон созишномаи муҳим ба имзо расид. Ҳадафи ин созишнома рушди минбаъдаи сиёсати гендерӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар ин самти муҳим мебошад. Дар ин замина Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистону Узбекистон, ки давра ба давра мустаҳкамтар мегардад, баҳои баланд медиҳад.

Инчунин иброз гардид, ки Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон аҳамияти хосса медиҳад. Имзои созишнома дар бораи ҳалли масъалаҳои сарҳад иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, ба инкишофи минбаъдаи муносибатҳои ду давлати бародар мусоидат намуд. Ба имзо расидани санадҳои ҳамкорӣ байни вазорату кумитаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон на танҳо аз ҷониби ҳарду давлат, балки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ гарму ҷӯшон пазируфта шуд.

Таъкид шуд, ки ин сиёсат барои ояндаи осоиштаи сокинони ду давлат уфуқҳои нав мекушояд.

«Занони Тоҷикистон беҳтарин ва донотарин занонанд, ки мо, занону модарони давлати ҳамсоя ба онҳо эҳтироми хос дорем. Назди меҳмоннавозиву дӯстӣ ва дурбинии мардуми Тоҷикистон, хосса модарони тоҷик сари таъзим фуруд меорам. Ба хотири дӯстии бардавом, наздикию рақобат ва эҳтироми хос имрӯз либоси тоҷикӣ ба бар намудам. Бигзор дӯстии мо ҷовидонӣ бошад», — иброз намуд Президенти Конгресси занони Қирғизистон Замира Акбагишева зимни Форуми байналмилалии занон дар шаҳри Хуҷанд.


Бояд гуфт, ки занони тоҷик, узбек ва қирғиз давоми рӯз зимни ҷаласаҳои панелии форум масъалаҳои суннатҳои муштараки мардуми Осиёи Марказӣ, нақши ҷашни Наврӯз дар таҳкими равобити дӯстонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин саҳми занон дар таҳкими сулҳ ва рушди иқтисодии минтақаро баррасӣ менамоянд.

Форум барои табодули таҷриба, таҳкими ҳамкорӣ ва рушди ташаббусҳои нав, ки ба дастгирии занон ва таҳкими нақши онҳо дар ҷомеа нигаронида шудааст, заминаи беназир фароҳам меорад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 1, 2025 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Барои пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиӣ шаҳрвандон низ бояд масъулиятшинос бошанд.
Байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид
Тавассути «Почтаи Тоҷикистон» беш аз 27 миллион рӯзномаю маҷалла ба мизоҷон расонида шуд
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид
Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш баргузор гардид
Татяна Москалкова бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд
Байни вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид