Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳориро 100 фоиз иҷро намуданд
РАШТ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Хизмати Модар-Ватан рисолати ҷавонмардии мо, ҷавонон аст!» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.
Дар ин рӯз дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои ҳамроҳ шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Дар натиҷа ноҳияҳои Сангвор 100%, Лахш 100%, Тоҷикобод 100%, Нуробод 100% ва Рашт 100 фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.
Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои неки модарон ва баргузории маросими кулчагазон наваскаронро ба хизмати Ватан гусел карданд.
Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз намуд, ки «таваҷҷуҳу дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки муҳаббати ҷавонон ба Ватан ва ҳифзи марзи он пайваста зиёд мегардад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард буда, мактаби бузурги мардонагию ватандӯстӣ маҳсуб мешавад. Наваскарон хизмати Ватанро содиқонаю сарбаландона ба ҷо оварда, хоки онро бо матонату шуҷоати бепоён ҳифз менамоянд. Ҳифзи марзи Ватан яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар сокини мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҷавонони бонангу номус ва сарбаланд хизмат ба халқу Ватанро шарафи мардонагӣ медонанд ва аз он ифтихор доранд. Ҳамин аст, ки дар рӯзҳои нахустин нақшаи даъвати баҳории навоҳии минтақаи Рашт пурра иҷро гардид, ки ин самараи таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Артиши миллӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ мебошад».
Дар ҳамоиш модарони наваскарон иброз доштанд, ки «мо имрӯз бо хушнудию хурсандӣ фарзандонамонро барои ҳимояи ватани азизамон ба хизмати ҳарбӣ гусел менамоем. Бояд падару модарон фарзандони хешро дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи нангу номуси миллӣ тарбия намуда, онҳоро барои ҳимояи Ватан-Модар ва шарафу номус роҳнамоӣ кунанд».
Дар ҳамоиш ба 156 нафар наваскароне, ки даври омӯзишии ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ пайваст шудан ба таври ихтиёрӣ ариза навишта буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Бояд гуфт, ки 50 даъватшаванда аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва 106 нафари дигар аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт даври омӯзиши ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»–ро хонда, ҳамчун мутахассис ба Артиши миллӣ ҷалб гардиданд.
Даъватшаванда аз ноҳияи Лахш Муҳаммадзубайр Қамбаралиев гуфт, ки «ҳимояи давлату миллат бояд номуси ҷавонмардии ҳар ҷавон бошад. Имрӯз таҳти ҳамин шиор маро волидайнам ба сафи Артиши миллӣ гусел доранд. Аз ин рӯ ба ҷавонони ҷумҳурӣ гуфтаниям, ки ҷавонмарду баномус бошанд ва ба сафи Артиши миллӣ ба таври ихтиёрӣ ҳамроҳ гарданд».
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






