Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳориро 100 фоиз иҷро намуданд

Апрель 1, 2025 10:10

РАШТ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Субҳи имрӯз дар  қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Хизмати Модар-Ватан рисолати ҷавонмардии мо, ҷавонон аст!» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Дар ин рӯз дар майдони қисми ҳарбӣ  даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои ҳамроҳ шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Дар натиҷа ноҳияҳои Сангвор 100%,  Лахш 100%, Тоҷикобод 100%,  Нуробод 100% ва Рашт  100  фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.

Дар ҳамоиш  раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои неки модарон  ва баргузории маросими кулчагазон наваскаронро ба хизмати Ватан гусел карданд.

Раиси  ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз намуд, ки «таваҷҷуҳу дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки муҳаббати ҷавонон ба Ватан ва ҳифзи марзи он пайваста зиёд мегардад. Хизмат  дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар   ҷавонмард буда, мактаби бузурги мардонагию ватандӯстӣ маҳсуб  мешавад. Наваскарон хизмати Ватанро содиқонаю сарбаландона ба ҷо оварда,  хоки онро бо матонату шуҷоати бепоён  ҳифз менамоянд. Ҳифзи марзи Ватан  яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар сокини мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҷавонони бонангу номус ва сарбаланд хизмат ба халқу Ватанро шарафи мардонагӣ медонанд ва аз он ифтихор доранд.  Ҳамин аст, ки дар рӯзҳои нахустин нақшаи даъвати баҳории навоҳии минтақаи Рашт   пурра иҷро гардид, ки ин   самараи таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Артиши миллӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ мебошад».

Дар ҳамоиш модарони наваскарон иброз доштанд, ки  «мо имрӯз бо хушнудию хурсандӣ фарзандонамонро барои ҳимояи ватани азизамон ба хизмати ҳарбӣ гусел менамоем. Бояд падару модарон фарзандони хешро дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи нангу номуси миллӣ тарбия намуда, онҳоро барои  ҳимояи Ватан-Модар ва шарафу номус роҳнамоӣ кунанд».

Дар ҳамоиш  ба 156  нафар наваскароне, ки даври омӯзишии ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ пайваст шудан ба таври ихтиёрӣ ариза навишта буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Бояд гуфт, ки 50 даъватшаванда аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва 106 нафари дигар аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт даври омӯзиши ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»–ро хонда, ҳамчун мутахассис ба Артиши миллӣ ҷалб гардиданд.

Даъватшаванда аз ноҳияи Лахш Муҳаммадзубайр Қамбаралиев гуфт, ки «ҳимояи давлату миллат  бояд номуси ҷавонмардии ҳар ҷавон  бошад. Имрӯз таҳти ҳамин шиор маро волидайнам ба сафи Артиши миллӣ гусел доранд. Аз ин рӯ ба ҷавонони ҷумҳурӣ гуфтаниям, ки  ҷавонмарду  баномус  бошанд ва ба сафи Артиши миллӣ ба таври ихтиёрӣ ҳамроҳ гарданд».

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд
Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қочоқи беш аз 90 кг маводи мухаддир пешгирӣ гардид
Дар Хатлон гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ бо 102 кг маводи нашъаовар дастгир шуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Кумитаи Котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД ва Вохӯрии дуюми Котибони шуроҳои амнияти Осиёи Марказӣ-Русия иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар Вена иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода 70 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуд
Дар вилояти Хатлон тақрибан 179 кг маводи нашъаовар мусодира ва гурӯҳи муташаккили фаромиллии қочоқбарон боздошт гардид