Оид ба баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар оғози конференсия иштирокдорон бо намоишгоҳи озмоишгоҳҳои инноватсионии марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шинос шуданд.
Зимни ифтитоҳи конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ чун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии мамлакат эътироф гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм ислоҳоти он пайгирона ва бомаром идома меёбад.
Вазири маориф ва илм изҳор дошт, ки мақсад ва ҳадафи фаъолияти низоми маорифи дилхоҳ давлат, пеш аз ҳама, ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ ва давлату миллат равона шуда, масъалаи рушди касбият ва таҳкими захираҳои инсонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаётан муҳимми ин соҳа ба шумор меравад. Бо дарки амиқи ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатии иҷтимоии хеш навгониҳои олами илму таҳсилотро ба низоми таҳсилоти миллӣ яке аз шартҳои асосии баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва дар ин замина ба камол расонидани насли наврасу соҳибихтиёрро калиди муваффақияти аҳли илму маориф медонанд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар ва дигар иштирокдорони ҷаласа суханронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки тавассути ҳамкории муштарак байни Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар шарикони рушд ташаббуси «Аз таҳсил ба даромад» амалӣ гардидааст. Ин ташаббус на танҳо як барнома, балки бинише аст, ки дар он ҳар ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дониш, малака ва салоҳияти заруриро барои табдил додани таҳсил ба даромад ба даст меорад. Ҳамзамон норасоии муҳимми байни таҳсил ва шуғлро бартараф месозад ва ҷавонони моро бо абзорҳое, ки барои комёб шудан дар ҷаҳони босуръат тағйирёбанда зарур мебошанд, мусаллаҳ мегардонад.
Дар ҷараёни конференсия натиҷаҳо ва таҷрибаҳои татбиқи лоиҳаи «Такмили маҳорату малакаҳои наврасон барои гузариш аз муҳити таълимӣ ба бозори меҳнат», ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд. Барнома беш аз 43 000 наврасу ҷавонро фаро гирифта, заминаи мусоиди рушди захираҳои инсонӣ ва гузариш ба бозори меҳнатро фароҳам овардааст.
Ҳамоиш бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба баррасии масъалаҳои марбут ба рушди малакаҳои наврасону ҷавонон дар заминаи муносибати босалоҳият ба таълим, рақамикунонии соҳаи маориф ва таҳкими нақши таҳсилоти миёнаи касбӣ бахшида шуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






