Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян карда шуданд

ДУШАНБЕ, 26.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор гардид, ки дар он шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоиза шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни он ғолибон бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок намудаанд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи 10 номинатсия: «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» баргузор мегардад.
Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки фестивал тибқи Амри Президенти мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадаф аз он вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамин тавр, дар номинатсияи «гулпарвари беҳтарин» Робия Сафарова, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, Анвар Ортиқов, сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сазовори ҷойи дуюм, Муассисаи давлатии манзилию коммуналии шаҳри Турсунзода соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи «гулгашт ва хиёбон» Гулгашти хиёбони Сирки давлатии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, Гулгашти ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷойи дуюм ва гулгашти Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи «боғҳои фарҳангию фароғатӣ» Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе ҷойи якум, Боғи фарҳангӣ-фароғатии Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Қалъаи шаҳри Хуҷанд»-и вилояти Суғд ҷойи дуюм, Боғи фарҳангӣ-фароғатии Дӯстии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҷойи сеюмро гирифтанд.
Дар номинатсияи «маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи Ғалабаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд сазовори ҷойи якум, маҳаллаи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Ëвони вилояти Хатлон соҳиби ҷойи дуюм ва кӯчаи Ватани шаҳраки Сомониëни ноҳияи Рӯдакӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи «деҳаи беҳтарин» деҳаи Чинори Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб сазовори ҷойи якум шуда, деҳаи ба номи Исмоили Сомонии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҷойи дуюм ва деҳаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Дар номинатсияи «деҳоти беҳтарин» Ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав ҷойи якум, Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат ҷойи дуюм ва Ҷамоти деҳоти Ҷилликӯли ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи «шаҳраки беҳтарин» Ҷамоати шаҳраки Сомониëни ноҳияи Рӯдакӣ ҷойи якум, Ҷамоати шаҳраки Қубодиëни ноҳияи Қубодиëни вилояти Хатлон ҷойи дуюм ва Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Дар номинатсияи «ноҳияи беҳтарин» ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷойи дуюм ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи «шаҳри беҳтарин» шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷойи якум, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷойи дуюм ва шаҳри Ҳисор ҷойи сеюмро сарфароз гардиданд.
Инчунин дар номинатсияи «вилояти беҳтарин» вилояти Суғд сазовори ҷойи якум ва вилояти Хатлон соҳиби ҷойи дуюм гардид.
Бояд гуфт, ки рамзи Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола», ки соли 2019 аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, тасдиқ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» шуруъ аз соли 2019 дар ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Гули лола бо номи «арӯси сол» ва «маликаи табиат» машҳур буда, дорои аз 100 то 150 навъ аст.
Гули лола аз тухмдонаи нави ҳарсолааш рӯида, дар моҳҳои апрел-май дар саросари мамлакатҳои дунё ба чашм мерасад. Умри гули лола ҳамагӣ қариб 100 рӯзро ташкил медиҳад. Гули лола ба унвони машҳуртарин гули худрӯ дар фарҳангу адабиёти тоҷик нуфуз ёфтааст. Бисёр мутафаккирону шоирон бо гули лола шиносоӣ дошта, онро дар ашъори хеш таъбиру тасвири зебо кардаанд, ба мисли лолаи доғдор, лолапӯш, лоларух, лолазор, лолагун, лоласор, лоласон ва ғайра.
Гули лоларо дар таърихи илму фарҳанги мардуми тоҷику форс шоирону мутафаккирон образҳои бадеӣ дода, дар лаҳзаҳои гуногун мавриди истифода қарор додаанд. Қадимӣ будани бастагии мо ба «иди гулҳо»-ро ин байтҳои фолклорӣ равшан баён менамоянд:
Эй ёр, биё, сайри гули лола равем,
Бо пайраҳа аз пушти дари хола равем,
Ту дасти маро бигиру ман домани ту,
Чун ҷуфти муносибе сари ёла равем.
Инчунин Ҳоҷуи Кирмонӣ низ насими баҳорону сайри лолазоронро тоза шудани ҷон медонад:
Хуш дили Ҳоҷу, ки аз ин лолазор,
Тоза шудаш ҷон ба насими баҳор.
Мафҳуми «Сайри гули сурх» дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ омада, устод ғазале ҳам эҷод кардаанд, ки бо унвони «Гули сурх» машҳур аст:
Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам.
Садриддин Айнӣ дар шарҳи «Сайри гули сурх» чунин овардаанд: «Сайре буд, ки ҳар сол дар сари мазори Баҳовуддини Нақшбанд, ки аз шаҳр дар масофати 10 километр дар тарафи шарқ воқеъ шудааст, дар моҳҳои апрел, май- дар аввали шукуфтани гули сурх ташкил мешуд» («Ёддоштҳо»).
Имрӯз мо бо ифтихор мегӯем, ки ба туфайли заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гулҳои лола бо рангу шаклҳои мухталиф боғу гулгашт, чаману канори хиёбону кӯчаҳо ва боғчаҳои назди ҳавлиҳоро боз ҳам зеботару хушбӯтар гардонидаанд.
Аз ҷумла, дар доираи баргузории Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба миқдори 5 миллиону 859 ҳазору 25 адад гулҳои лола шинонида шуданд, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад.
Ҷашни «Сайри гули лола» солҳои охир дубора эҳё гардид ва инак чанд сол аст, ки бо шукуҳу шаҳомати хосса дар саросари мамлакат таҷлил мегардад. Баргузории озмун ба эҳёи суннатҳои ниёгон, тарғиби ҳисси зебоипарастӣ, ободии муҳити зист, рушди гулпарварӣ, афзун намудани муҳаббат ба табиат, ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакати мо мусоидат менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар» / Далер Шарифов