Ғолибони шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 03.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он паҳлавонони тоҷик Фирдавс Насимов, Ғазалшоҳи Давлатшо, Улуғбек Раҳимов, Шарифҷон Назриев, Парвиз Абдураҳмонов, Рустам Хоҷаев, Исроил Раҳимов, Фарҳод Раҳматуллобеков, Ҳақназар Назаров, Муҳаммадҷон Юсуфзода, Саидшо Раҳматуллоев, Субҳиддин Халилзода, Муҳиддин Асадуллоев, Мирзоҷамил Рамазонов, Муқтадири Бобоҷон, Зикрулло Шарифов, Ҳусейн Исҳоқзода, Абдулло Лоиқов, Ёсин Бобокалонов, Умар Шеров, Меҳрзод Суфиев, Идибеки Амиршо ва дигарон маҳорати баланд нишон дода, бар ҳарифонашон ғолиб омаданд. Ҳамчунин паҳлавонони Ҷумҳурии Исломи Эрон низ дар мусобиқа фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус шореҳи АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва соҳибкорони бонангу номуси ин ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид. Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ба паҳлавонони ғолиб туҳфаҳои арзишманд, аз қабили се Шоҳҷоиза- мошини сабукрав, маблағҳои калони пулӣ ва дигар туҳфаҳо супорида шуданд.
Барои Шоҳҷоизаи аввали Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик ду паҳлавони ҷавон ва бомаҳорати тоҷик: Саидшо аз ноҳияи Восеъ ва Шаҳриёр аз ноҳияи Темурмалик давоми якуним соат ба мухлисон ҳунари баланд нишон дода, бо ҳам рақобат карданд, вале ғолиб муайян нашуд.
Барои ҳамин Шоҳҷоиза ду паҳлавони ҷавон: Муҳаммад аз ноҳияи Данғара ва Зикрулло аз ноҳияи Темурмалик рақобат намуданд. Дар ниҳоят Зикрулло бо партофти хеле зебо ҳарифашро мағлуб намуда, сазовори ин мукофоти олӣ гардид. Шоҳҷоизаи дуюмро паҳлавони тоҷик Шарифҷон Назриев пас аз мағлуб намудани Рустам Хоҷаев сазовор гардид.
Шоҳҷоизаи сеюми мусобиқаро Раиси ноҳияи Темурмалик ба Наврӯз Каримзод- ҷоизадори медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураши қазоқӣ, ки моҳе пеш дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор гардида буд ва инчунин ҷоизадори медали тиллои Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Истаравшан доир гардид, тақдим намуд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд






