Паҳлавонони тоҷик шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ёвонро соҳиб шуданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ҳузури беш аз сӣ ҳазор нафар мухлисон ва ҳаводорони варзиш дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар он паҳлавонони тоҷик Шакармаҳмад Мирмаҳмадов, Комроншоҳи Устопириён, Ғазалшоҳи Давлатшо, Дадахон Қурбоналев, Мирзоҷамил Рамазонов, Исроил Раҳимов, Муллораҷаб Халифаев, Субҳиддин Халилзода, Наврӯзи Каримзод, Абубакри Акобир, Ҳайдари Саидкабирзода, Бахтовар Бобохонов, Ҷаҳонгир Бобоев, Алӣ Боқиев, Ҳамроз Раҷабов, Абдулло Лоиқов, Зикрулло Шарифов, Ғаниҷон Мусохонов, Муқтадири Бобоҷон, Хурсандқул Куганов ва дигарон маҳорати баланд нишон дода, бар ҳарифонашон ғолиб омаданд.
Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд ҳамчунин паҳлавонон аз давлатҳои Русия, Камерун, Италия, Миср, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қиғизистон фаъолона иштирок намуданд.
Мусобиқа бо ташаббуси Раиси вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, инчунин соҳибкорони ин ноҳия баргузор гардид. Аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ба паҳлавонони ғолиб туҳфаҳои арзишманд, аз қабили ҳафт Шоҳҷоиза, мошини сабукрав, маблағҳои пулӣ, қолин, кондитсионер, яхдон, гов, уштур ва дигар туҳфаҳо супорида шуданд.
Барои Шоҳҷоизаи аввали Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ёвон ду паҳлавони шинохта — Комроншоҳи Устопириён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳусейн Холмурзоев аз Федератсияи Русия рақобат намуданд. Дар ниҳоят Комроншоҳи Устопириён бо партофти хеле зебо ҳарифашро мағлуб намуда, сазовори ин мукофоти олӣ гардид.
Барои Шоҳҷоизаи дуюми Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ёвон паҳлавони шинохтаи тоҷик Ғазалшои Давлатшо бо паҳлавони пурқуввати узбекистонӣ Бекмурод Олтибоев рақобат карда, ғолиб омад ва соҳиби он гардид.
Барои Шоҳҷоизаи сеюми Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ёвон Дадахон Қурбоналиев аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шералӣ Ҷураев аз Ҷумҳурии Узбекистон сабқат карданд ва дар ниҳоят Дадахон Қурбоналев ғолиб омада, сазовори ин мукофоти олӣ шуд.
Шоҳҷоизаи чаҳоруми Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ёвонро Ҳақназар Назаров аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғолиб омадан бар паҳлавони Русия соҳиб гардид.
Барои Шоҳҷоизаи панҷуми Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ёвон ду паҳлавон- Фирдавс Насимов аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳсин Ҳисомиддинов аз Ҷумҳурии Узбекистон давоми як соат рақобат карданд, вале ғолиб муайян нашуд.
Дар Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ёвон ҳунару маҳорати паҳлавонони тоҷик Муллораҷаб Халифаев аз ноҳияи Рашт ва Абубакри Акобир аз ноҳияи Балҷувон назар ба дигар паҳлавонон беҳтар буд, зеро бар се-чаҳор ҳарифашон ғолиб омада, сазовори ҷоизаҳои олӣ, яъне уштур гардиданд.
Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби ташкилкунандагони ин мусобиқаи сатҳи баланд ба Ҳасан Холмурзоев- паҳлавони шинохта, ҷоизадори медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии Рео де-Жанейро-2016 аз Федератсияи Русия, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ин мусобиқа иштирок намуд, Шоҳҷоиза- мошини сабукрав ҳадя карда шуд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар


















ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






