Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар доираи бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 19 садяк замин бунёд шуда, дар он шароити хуби корӣ барои кормандон фароҳам меояд.
Бинои нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои ҳар ду идораи давлатӣ 42 ҳуҷраи корӣ дорад.
Дар ду қабати аввали бино пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ёрии таъҷилӣ ҷойгир аст. Он дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 бунёд гардидааст. Пойгоҳ аз 18 ҳуҷра иборат буда, дар он қабули беморон ва ёрии таъҷилии тиббӣ сурат мегирад. Пойгоҳи №1-и Маркази шаҳрии ёрии таъҷилӣ бо доруворӣ, лавозимоти соҳавӣ ва таҷҳизоти тиббии замонавӣ таъмин шудааст.
Инчунин пойгоҳи ёрии таъҷилӣ ҳуҷраи танзимгарон барои қабули даъватҳо, ҳуҷраҳои корӣ барои гуруҳҳои ёрии таъҷилии тиббӣ, аз ҷумла табибон, кормандони миёнаи тиб ва кормандони хурди тибро дар бар мегирад, ки дар онҳо дар маҷмуъ наздики 20 нафар кор мекунанд.
Лозим ба зикр аст, ки пойгоҳи мазкур барои хизматрасонӣ ба сокинони ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.
Гуфта шуд, ки ба истифода додани иншоот барои саривақт расонидани беморон то муассисаҳои тандурустӣ мусоидат карда, беҳдошти сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро таъмин месозад.
Дар 3 ошёнаи болоии иншооти тозабунёд Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷойгир карда шудааст.
Дар ошёнаҳои 3 ва 4 ҳуҷраҳои корӣ ва дар ошёнаи 5 толори маҷлисӣ бо 50 ҷойи нишаст ҷойгир шудааст.
Ҳуҷраҳои кории шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пурра бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили ҷевон, мизу курсиҳо, компютер ва дигар лавозимот муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин ҷо ҳамчунин китобхона, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир шуда, ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо иншооти нав ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ” барои боз ҳам баланд бардоштани сифати кор ва истифодаи технологияҳои замонавӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд






