ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Киҳо хуқуқи дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карданро доранд?

Апрель 15, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷинси мард), ки ба синни 18 расидаанд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ даъват мегарданд, — чунин омадааст дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ». Коршиноси масоили ҳуқуқӣ Ҷамшед Мунавварзода ин мавзуъро чунин шарҳ дод.

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ асос­ҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии қайди ҳарбӣ, ба хизмати ҳарбӣ омода намудани шаҳрвандон, тартиби даъват намудан, дохил шудан, адои хизмати ҳарбӣ ва рухсат шудан аз он, бақайдгирӣ дар ҳайати эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин субъектони дигари раванди ин муносибатҳоро муайян менамояд.

Тибқи муқаррароти моддаи 10-и ин қонун, намояндагони дахлдори шаҳру ноҳияҳои мамлакат уҳдадоранд даъватшавандагон ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаро ба ҳисоб гирифта, дар муддати як ҳафта ба комиссариатҳои ҳарбӣ хабар диҳанд. Дар ин замина бо дархости комиссариати ҳарбӣ маълумот оид ба шаҳрвандони ба қайди ҳарбӣ гузошташаванда ва дар қайди ҳарбӣ қарордоштаро, ки барои дохил кардан ба ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ заруранд, равон намоянд.

Масъулин бояд шаҳрвандонро ба даъвати комиссариати ҳарбӣ хабардор намоянд ва ба онҳо имкони сари вақт ба даъвати комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданро таъмин намоянд.

Дар ин замина мақомоти корҳои дохилӣ, хориҷӣ, амният, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ уҳдадоранд, ки маълумоти заруриро дар ин самт пешниҳод намоянд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», нафароне, ки бинобар сабаби вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намуда истодаанд ё тамом кардаанд, ҳамчунин нафароне, ки барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд ба ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд, аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.

Илова бар ин даъватшавандае, ки модараш ғайр аз ӯ ду ва зиёда фарзанди ноболиғ дорад ва онҳоро бе ҳамсар тарбия менамояд, то ба балоғат расидани фарзанди дигар муҳлати даъвати онҳо ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта мешавад. Ҳамчунин нафароне, ки вакили Маҷлиси маҳаллии вакалони халқ интихоб шудаанд (давоми муҳлати ваколат), онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси дараҷаи бакалавр таҳсил менамоянд (дар давраи таҳсил), омӯзгороне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд (дар давраи иҷрои кор) ва нафароне, ки дар муассисаҳои таълимӣ ё тиббии деҳот кор менамоянд (дар давраи иҷрои ин кор) муҳлати даъвати онҳо ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта мешавад.

Шаҳрвандоне, ки падар (модар), бародар (хоҳарашон) ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ вафот кардаанд ё маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2 гардидаанд, онҳое, ки дар оила писар ё писархонди ягона мебошанд, инчунин шахсони дорои унвони номзади илм, доктори фалсафа, доктор аз рӯйи ихтисос, доктори илм мебошанд, ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шаванд.

Ҳамчунин муҳлати даъват ба хизмати ҳарбии шаҳрвандоне, ки муваққатан ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, ба нигоҳубини узви оилаи ба кумак эҳтиёҷдошта машғул мебошанд, дар ҳолати набудани шахсони дигар, ки тибқи қонун уҳдадоранд ба нигоҳубин машғул шаванд, онҳое, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, ба тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммондаашон машғул мебошанд ва шахсоне, ки нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, то бартараф гардидани ин шартҳо ба таъхир гузошта мешавад.

Дар қонун омадааст, ки шаҳрвандони то 27-сола (ҷинси мард), ки хизмати ҳарбиро адо накардаанду кафедраҳои ҳарбиро дар назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ хатм намудаанд ва бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ ба ҳайати эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват карда мешаванд.

Зимнан, барои ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳо андешида шуда, ба шахсоне, ки баъди хизмати ҳарбӣ хоҳиши таҳсил дар макотиби олиро доранд, ҳангоми супоридани имтиҳон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон холҳои иловагӣ дода мешаванд. Илова бар ин, марказҳои шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд ҷавононро пас аз хизмати ҳарбӣ бо ҷойи кор ва кумакпулӣ таъмин намоянд.

Тибқи талаботи қонун, минбаъд дар мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва хадамоти иҷро шахсоне ба кор қабул карда мешаванд, ки хизмати ҳатмии ҳарбии муҳлатнокро адо намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути воситаҳои ахбори омма на дертар аз 1 моҳ пеш аз даъват эълон мегардад, анҷом дода мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 15, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват дар Тоҷикистон 78 фоиз иҷро гардид
Хуч дар баробари пистаю чормағз зироати асосӣ ва фоидабахши соҳаи ҷангали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад
МАҲСУЛОТИ НОНӢ. Истеъмоли зиёди он сабаби пайдошавии бемориҳо мегардад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Тағйирёбии иқлим ва гармшавии кураи Замин ба кӯчиши парандагон таъсир расонидааст
ФАЛАК-ИФОДАИ РОЗУ НИЁЗ, ТАЛАБУ ХОСТАҲОИ МАРДУМ. Ин мусиқии суннатӣ дар Тоҷикистон бештар рушд ёфтааст
Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Хадамоти Федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия мулоқот намуд
Ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Душанбе — маркази ҳамоҳангсозии стратегӣ дар Осиёи Марказӣ
ТОҶИКИСТОН ДАР САРХАТИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар мавриди қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии СММ
Дар Душанбе беш аз 20 садамаи нақлиётӣ бо иштироки скутер ва худравҳои барқӣ сабт карда шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар пленум ва анҷумани созмонҳои мудофиавии ИДМ иштирок намуд
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Таҷрибаи занони вилояти Суғд дар самти соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ намунаи ибрат аст