Дар Минск вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид

Декабрь 2, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус Иван Кубраков баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани  ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Беларус дар самтҳои мубориза бар зидди  киберҷиноятҳо, истеҳсол ва истифодаи дронҳо, ташкил ва гузаронидани тамринҳои муштарак оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар масоили мубрам баррасӣ  гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ вазирони корҳои дохилии ҳарду давлат барои идомаи ҳамкории созанда ва густариши муносибот дар мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 2, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид