«МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия (9 декабр) бо мақсади таъмини амнияти иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳарчӣ бештар воридшавии сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, дастгирии соҳибкорӣ ва вусъат бахшидани чораҳои муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад.
Дар кори форум намояндагони мақомоти зиддикоррупсионии дохилӣ ва хориҷӣ аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Федератсияи Русия ва намояндагони созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ иштирок менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид






