Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Иброз гардид, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи аввалин давлатҳое мебошад, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 январи соли 1992 ба расмият шинохт. Ҳамзамон 22 феврали соли 1992 ду мамлакат робитаҳои дипломатии худро расман ба роҳ монданд. Таъкид шуд, ки табодули таҷрибаи вакилони ҳарду давлат ба нафъи тарафҳо буда, ба пешрафти фаъолияти қонунгузорӣ мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки моҳи марти соли 2023 бори нахуст Раиси Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Ҳуссом Абдулмуҳсин ал-Анқарӣ бо ҳамроҳонаш ба Душанбе ташриф оварда, бо ҳайати Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон музокирот анҷом дода буданд. 26-30 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе бори аввал ҷаласаҳои Кумитаи дӯстии байнипарлумонии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Танҳо соли 2024 байни Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 9 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид шуд, ки мулоқоти имрӯза барои густариши робитаҳои байнипарлумонии ду давлат, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлис-аш-Шурои Арабистони Саудӣ барои ба пешравиҳо ноил гардидан дар ҳамаи соҳаҳо заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид






