Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарият ва фан-клубҳои дастаҳо ҷаласаи васеи корӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарони бошгоҳҳо ва сарони фан-клубҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон комиссияи нави назорати молиявии клубҳои футбол таъсис дода шуд. Роҳбарияти федератсия вазифа ва самти фаъолияти комиссияро шарҳ дода, ба ҳозирин ҳайати комиссияро муаррифӣ намуданд. Комиссияи назорати молиявии клубҳо аллакай нақша тартиб дод, ки дар асоси он муҳосибони дастаҳо ҳисоботи молиявии дастаҳоро месупоранд.
Инчунин масъалаи муҳими ҷаласа фаъолияти ҳуқуқии клубҳо бо бозигарони хориҷӣ гардид, чун замони охир ҳолатҳои баҳснок байни бошгоҳҳо ва футболбозони хориҷӣ, ки то сатҳи ФИФА бароварда мешаванд, зиёд шудааст. Ба роҳбарон ва ҳуқуқшиносони бошгоҳҳо тавсияҳои мушаххас барои пешгирии ҳолатҳои баҳсбарангез бо бозигарони хориҷӣ дода шуд.
Роҳбарони бошгоҳҳо ҳисобот оид ба иҷрои дастуру супоришҳои бандҳои Протоколи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 3 феврали соли 2025-ро пешниҳод намуданд.
Дар ин замина муҳимияти баргузории мавсими дуюми озмуни “Беҳтарин мухлиси сол” матраҳ гардид. Ба роҳбарони фан-клубҳо тағйиру иловаҳо дар низомномаи озмун ва шартҳои асосии баҳодиҳии фаъолияти фан-клубҳо фаҳмонида шуда, комиссияи назоратӣ интихоб гардид.
Дар фарҷом баъзе масъалаҳои футболи бошгоҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






