Шаҳриёри шаҳри умеду орзуҳо ва идомадиҳандаи роҳи ниёгони некном

Апрель 18, 2025 16:28

ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрдорӣ, шаҳрсозӣ, шаҳрнишинӣ- инҳо вожаҳое мебошанд, ки бемуҳобо ба миллати тоҷик тавъам ҳастанд. Дар «Шоҳнома» — и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ низ шаҳрсозии ниёгони мо таъкид шудааст. Тибқи «Шоҳнома», якумин шоҳи асотирии халқҳои эронӣ марбут ба сулолаи Пешдодиён Каюмарс, ки ҳамчун қаҳрамони омӯзандаи унсурҳои зиндагии маданию маишӣ ба мардум тасвир шудааст, ҳанӯз дар даврони ибтидоӣ аввалин шуда, дар даруни кӯҳ, яъне ғор ҷои зист интихоб намуда, барои хонасозӣ гомҳои аввалин гузоштааст.

Ҳамчунин бурҳони қотеъ оид ба шаҳрсозиву шаҳрдории тоҷикон (ин шаҳраки қадимаи кишоварзии Саразм мебошад), ки тибқи таҳқиқоти муштараки бостоншиносони Русия, Фаронса, Амрико, Италия ва Тоҷикистон 5,500- сола буда, ба нимаи IV — ҳазорсолаи III пеш аз милод рост меояд.

Маҳалли аҳолинишини қадимаи Саразм дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар километри 15-уми самти ғарбтар аз шаҳри Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, қаламрави он беш аз 100 гектарро ташкил медиҳад. Дар замонҳои қадим  Саразм маркази асосии тиҷорат дар Осиёи Марказӣ будааст.

Ҳамзамон шаҳрҳои қадимаи Самарқанд, Бухоро, Ҳирот, Марв, Хуҷанд, Балх, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Ашт, Панҷакент, Исфара, Кӯлоб, Ҳисор макони ташаккул ва рушди халқияти ягонаи тоҷик, забону адабиёт ва таъриху тамаддуни миллати барӯманди тоҷик мебошанд. Албатта, тоҷиконро беҳуда мардуми бомаданият намегӯянд. Маънои вожаи маданият ин санъати идора намудани шаҳр, шаҳрдорӣ, зиндагии шаҳриёна, ҳунарманд ва шаҳрнишин мебошад. Тибқи маълумоти ховаршиноси маъруф А.А.Семенов, дар охири асри ХIХ барои мақоми шаҳрро гирифтани маҳалли аҳолинишин мавҷудияти беш аз 32 намуди ҳунарҳои мухталиф зарур буд.  Аз ин лиҳоз, макони зисти тоҷикон, яъне шаҳрҳо баробари маркази маъмурӣ буданашон марказҳои ҳунару фарҳанг, тиҷорат, зиёрат ва сайру саёҳат буданд.

Аз ин мебарояд, ки тоҷикон аз даврони қадим шаҳрсозу шаҳрдор будаанд ва шаҳриёрони тоҷик дар ҳар давру замон дар ин росто саҳми арзанда гузоштаанд.

Инак, ин анъанаи шаҳрсозиву шаҳрдориро шаҳриёри ҷавон, идомадиҳандаи роҳи ниёкони некном, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки аз мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат ва ҳидояту насиҳатҳои падари ҷонфидои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд гаштааст, идома дода, ҳамчун ниёгони бомаърифату бунёдкори миллати тоҷик ба пойтахти мамлакат руҳи тоза мебахшанд.

Воқеан ҳам Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷавонтарин ва фаъолтарин шаҳрдори шаҳри Душанбе дар таърихи пойтахти Тоҷикистон мебошад.

Суол ба миён меояд, ки чӣ тавр дар фурсати кӯтоҳ Рустами Эмомалӣ ба шахсияти пешсафу қавиирода, сиёсатшиноси хуб ва роҳбари доною хирадманд табдил ёфт?

Дар рушди ақлонию зеҳнӣ ва ташаккули шахсияти Рустами Эмомалӣ дар воқеъ нақши оила, пеш аз ҳама, падари бузургворашон, ки тамоми ҳастии худро ба халқу миллат ва Тоҷикистон бахшида, тамоми фаъолиятро ба таъмини ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди иқтисодию иҷтимоии давлат, таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон  ва зиндагии шоистаи халқ равона намудаанд, боризу калидӣ мебошад.

Овони тифливу наврасии Рустами хурдсол ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва даврони қадамҳои аввалини давлатсозии миллӣ рост меояд, ки рушди шахсият маҳз дар ин солҳо оғоз меёбад. Ӯ аз ин даврон шоҳиди ҷонбозиҳо ва заҳматҳои падар гардида, шояд баъзан ҳафтаҳою моҳҳо дидори падарро интизорӣ мекашид. Дар он лаҳзаҳо Рустами хурдсол бисёр мехост зудтар калон шаваду дар бари падар бошад ва ба ӯ дастёрӣ кунад.

Кшиштоф Замусси гуфтааст, ки шахсиятҳо таърихро эҷод мекунанд, танҳо марксистҳо гумон мекарданд, ки омма ё издиҳом.  Гувоҳи ин суханонро мо дар шахсияти бузурги миллати тоҷик ва ҷаҳон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем, ки миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшида, таърихи навини тоҷиконро эҷод намуданд.

Рустами Эмомалӣ  ибораи дӯстдошта ва аксаран такроршавандаи падари бузургворашон- «Дар дунё кори ношуданӣ нест. Фақат завқу хоҳиш доштан лозим»-ро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, исбот намуданд, ки воқеан чунин аст.

Фаъолияти сиёсии худро Рустами Эмомалӣ  аз 19-солагӣ дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маҳсули афкори Пешвои маҳбуби миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад оғоз намуда, дар ин мактаби сиёсӣ обутоб ёфтанд ва имрӯзҳо мо шоҳидем, ки бо сарбаландӣ дар бисёр давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Агар инсон дониши хуб, таассуроти пурзӯр, фаромӯшнашаванда, шоёни таҳсин ва эҳтиром дошта бошад, пас ин гуна одамон шахсоне мебошанд, ки ҳамчун роҳбар як гурӯҳ одамон ё ҷамъиятро аз паси худ мебаранд. Бемуҳобо, Рустами Эмомалӣ ин сифатҳои роҳбариро доро мебошанд.

Тавре ки гуфтаанд: «Руҳи солим дар тани солим аст». Рустами Эмомалӣ ба варзиш низ шавқу рағбати зиёд дошта, чанд муддат ҳамчун ҳамлагари тими футболи «Истиқлол» бозӣ намудаанд.

Соли 2017 Раиси шаҳри Душанбе таъйин мегарданд.  Аз ин лаҳзаҳо фаъолияти ӯ пеши назари ҷомеа ҷилвагар гардид.  Аввалан ба хотири ба дархости сокинон саривақтӣ ҷавоб гуфтан ва огаҳӣ пайдо кардан аз мушкилоти пойтахт 17 ноябри соли 2017 барои сокинони Душанбе телефони боварӣ ташкил намуданд. Аз ин пас,  сокинони шаҳр шароит пайдо намуданд, ки бо телефонҳои худ камбудиҳои мухталифи ободонии шаҳрро аксбардорӣ намуда, аксу наворҳоро ба суроғаи раиси шаҳр равон намоянд.  Рустами Эмомалӣ ба ин васила ҳамчун роҳбари кордон дари муколамаро бо сокинон боз намуданд, ки ба манфиати сокинон ва шаҳрдорӣ мебошад. Ин аст, ки оғози нек давому анҷоми накӯ дорад.

Давоми роҳбарии Рустами Эмомалӣ ҳамчун Раиси шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар бахшҳои мухталиф ба дастовардҳои назаррас ва шоёни офарин ноил гардид.

Аз соли 2017 Рустами Эмомалӣ бо ташаббусҳои созанда Душанберо ба шаҳре, ки дар он гули ишқ, садоқат ва эътимод мерӯяд, мубаддал гардониданд.

Дар ин давра қариб 3 миллион метри мураббаъ манзил, 145 муассисаи маориф, 21 беморхона ва 90 корхонаи саноатӣ сохта шуд. Иншооти рамзии «Майдони Истиқлол» бо тоҷи зебои худ яке аз намунаҳои барҷаста-муъҷизаи нотакрори меъморӣ ва Каъбаи умеди тоҷикистониён ва тоҷикони дунё гардид. Душанбе мизбони чорабиниҳои бузург, аз ҷумла «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» ва Бозиҳои Осиёи Марказӣ гардид. Соли 2004 Душанбе ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и ЮНЕСКО-ро соҳиб шуд, ки нишонаи амнияту оромии он аст.

Имрӯзҳо Душанбе бо беш аз 20 шаҳри ҷаҳон паймони бародаршаҳрӣ дорад ва аъзои созмонҳои байналмилалии шаҳрҳо аст. Ин иртибот шаҳрро ба маркази муҳими минтақавӣ табдил додааст.

Илова бар ин, солҳои охир таваҷҷуҳи махсус ба шаҳрсозии сабз равона шуда, бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғу гулгаштҳои нав, ба мисли боғи «Ирам», «Наврӯзгоҳ», майдончаҳои варзишӣ ва маконҳои фароғатӣ дар ҳар гӯшаи шаҳр таъсис ёфтанд.

Ҳамзамон аз ҷиҳати иқтисодӣ Душанбе ба яке аз қавитарин минтақаҳои Тоҷикистон мубаддал гардид. Соли 2023 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти минтақавии (МММ) шаҳр ба беш аз 17 миллиард сомонӣ расид, ки беш аз 20 фоизи ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо пойтахти тоҷикон бо марказҳои фарҳангӣ, китобхонаҳо ва муассисаҳои таълимии худ муҳити маърифатӣ ва фарҳангиро барои сокинон ва меҳмонон фароҳам оварда, на танҳо пойтахти тоҷикон, балки маркази фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии тоҷикони дунё ва Шарқ мебошад.

Бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2018 шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) дохил шуда, тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Русия ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид гардид. Инчунин макони баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷаласаҳои барномаҳои ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, конференсияҳои сатҳи баланди марбут ба обу экология, муборизаи дастҷамъӣ бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ гашта, тавсия ва пешниҳодҳои муфиди он дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.

Душанбе имрӯз шаҳре аст, ки бо зебоӣ, амният ва фарҳанги волояш дили ҳар меҳмонро тасхир менамояд. Бо ғамхорӣ ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин боғшаҳр ба биҳишти рӯйи Замин ва манбаи ифтихори тоҷикон табдил ёфтааст.

Маликшо НЕЪМАТЗОДА,
муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»/Dushanbe travel

 

Апрель 18, 2025 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» беҳтарин макони солимгардонӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад
Муҳаммадҷон Қосимов — ҳунарманде, ки нақшҳои офаридааш дар дилу ёдҳо нақш бастааст
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба стратегияҳо баррасӣ мешавад
Зулфиқор Гулаҳмадзода: «Ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бояд ба тарзи бефосила, бетанаффус ва доимӣ машғул шавем»
ҲИФЗИ ВАТАН ВА ҲИМОЯИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ МАРДУМ. Ин амал барои ҳар шаҳрванди огоҳу соҳибватан вазифаи муқаддас аст
«БАРОДАРОН, БА МОДАРИ ВАТАН ВАФО КУНЕМ…». Ва ё Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар таърих ҳамто набуд!
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд
Телевизионҳои Тоҷикистон дар ҳифзи фазои расонаӣ мавқеи устувор доранд
Оё кишоварзони Тоҷикистон аҳолиро бо картошкаи ватанӣ пурра таъмин карда метавонанд?
Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад