Шири қоқу гули чашмро дур карда, хунпартоиро манъ ва меъдаро боқувват менамояд

Апрель 27, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 27.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон  растаниҳои шифобахше мерӯянд, ки дар соҳаи тиб хеле васеъ истифода бурда мешаванд. Ин гиёҳҳои шифобахш асосан дар доманаҳои кӯҳу теппаҳо рӯида, хусусияти табобатии онҳо хеле баланд мебошад.

Қоқу яке аз растаниҳои шифобахше мебошад, ки дар маҳалҳои гуногуни мамлакат бо номҳои гули қаҳқаҳ, дегкафонак ё ширгулак маълум аст. Номи байналмилалии илмии он ба забони лотинӣ «Taráxacum officinále» — навъе аз гиёҳҳои бисёрсола аст.

Бино ба маълумоти Теофраст (яке аз гиёҳшиносони солҳои 372-287 то мелод), қоқу доғи кунҷитакро барҳам медиҳад. Абӯалӣ ибни Сино бо оби қоқуи тару тоза истисқо (бемории обхурак)-ро табобат менамуд. Шири қоқу гули чашмро дур карда, хунпартоиро манъ ва меъдаро боқувват мекунад. Табибони халқӣ қоқуро барои табобати илтиҳоби ҷигар ва тамоми бемориҳои вобаста ба ин узв, инчунин дарди санги гурдаву масона, диабети қанд, бавосир, қабзияти меъдаву рӯда, касалиҳои пӯстро баэътидоловаранда, ҳамчун доруи иштиҳоовар ва пешоброн тавсия медиҳанд.

Ҳамчунин аз барги тару тозаи қоқу хӯрише тайёр мекунанд, ки кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад. Хокаи решаи қоқуро ба ҷои газидаи ҳашарот ва ҳайвоноти заҳрнок мебанданд.

Барги қокуро юнониҳо ва румиҳои қадим чун сабзавот истеъмол мекардаанд. Тоҷикон аз барги қоқу ва гиёҳҳои дигар самбӯсаи алафӣ мепазанд ва бехи онро тару тоза истеъмол менамоянд. Барои рафтани маззаи талхии қоқу онро дар намакоб 30 дақиқа тар карда мондан зарур аст.

Тибқи сарчашмаҳои биологӣ, пояи қоқу 5 – 30 см, баъзан то 50 см қад мекашад. Дар нӯги пояи қоқу «сабадак»-и зард ҳосил шуда, дар ҳар кадоми он то 200 гули тиллоранг мешукуфад. Қоқу дар як сол ду маротиба- баҳор ва тирамоҳ гул мекунад. Он одатан дар лаби ҷӯй, соҳили рӯдҳо, марғзор, талу теппаҳо, ҷангалзор, дашту саҳро, боғ ва канори роҳу назди иқоматгоҳҳо месабзад.

Дар тибби илмӣ ҷӯшоби қоқуро барои кушодани иштиҳо, қабзият ва чун давои зардарон кор мефармоянд. Барои ин 1 чумча решаи майдакардаи қоқуро дар як истакон об 20 дақиқа меҷӯшонанд ва баъди хунук шудан полида, рӯзе 2 – 4 маротиба пеш аз хӯрок ¼- истаконӣ менӯшанд. Қиёми равғании қоқу давои хуб барои ҷароҳатҳои сӯхтагӣ аст. Ҷӯшоби решаи онро ба сифати доруи зардарон ва иштиҳоовар таъйин мекунанд. Бо ин мақсад 3 чумча (40 г) решаи қоқуро дар 1 истакон об 20 дақиқа ҷӯшонда, дар як рӯз 2 маротиба пеш аз хӯрок якистаконӣ менӯшанд. Доруҳои қоқуро дар амалияи тибби муосир асосан чун омили тақвиятбахши узвҳои ҳозима ва иштиҳоовар истифода мебаранд.

Солҳои охир муайян намудаанд, ки бехи қоқу барои шахсони гирифтори атеросклероз (дарди артерияҳо) хеле муфид аст. Барои ин хокаи бехи хушки онро истеъмол кардан (дар як шабонарӯз пеш аз хӯрок 5 г) зарур мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Апрель 27, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ барои ҳифзи таъриху тамаддуни тоҷикон ташаббуси саривақтӣ аст
ДАРАХТ БИНШОН! Дарахтони сӯзанбарг аҳамияти иқтисодӣ ва шифобахшӣ доранд
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Он ба рушди зеҳнии ҷавонон замина мегузорад
НЕРУГОҲИ «РОҒУН» — ТАМАДДУНИ ЗЕРИЗАМИНӢ. Андешаҳо дар бораи азамати ин иншооти аср
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи нодурусти ангишт метавонад боиси заҳролудшавии инсон гардад
БАРОИ ГИРИФТОР НАШУДАН БА БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ ЧӢ БОЯД КАРД? Пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ муҳим аст
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин роҳи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст