Шоҳҷоизаҳои гӯштини миллии шаҳри Ваҳдатро Сомон Аламов ва Ғазалшои Давлатшо сазовор шуданд
ДУШАНБЕ, 21.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид, ки дар он паҳлавонони тоҷик Ғазалшои Давлатшо, Улуғбек Раҳимов, Адҳам Исоқов, Суҳроб Муҳаммадов, Оятуллои Камарӣ, Ҷумъахон Элмуродов, Сомон Аламов, Субҳиддин Халилзода, Зафар Олимшоев, Ҳайдар Саидкабирзода, Бахтовар Суфиев, Зиёдулло Неъматов, Хурсанмурод Алиев, Бобо Неъматов, Абубакри Акобир, Раҳмоналӣ Азизов, Аминҷон Абдуҷалилзода ва дигарон маҳорати баланд нишон доданд.
Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва соҳибкорони шаҳр дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби ташкилкунандагони ин мусобиқа ба паҳлавонони ғолиб туҳфаҳои арзишманд, аз қабили ду Шоҳҷоиза, мошини сабукрав, маблағҳои пулӣ, қолин, бузу гӯсфанд, гов, асп ва дигар туҳфаҳо супорида шуданд.
Барои Шоҳҷоизаи аввали мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ваҳдат ду паҳлавони шинохта — Улуғбек Раҳимов аз ноҳияи Рӯдакӣ ва Суҳроб Муҳаммадов аз шаҳри Ваҳдат давоми як соат рақобат карданд, вале ғолиб муайян нашуд.
Аз ҷониби ташкилотчиёни мусобиқа ҳамин Шоҳҷоиза барои ду паҳлавони дигар- Ғазалшои Давлатшо аз ноҳияи Ёвон ва Адҳам Исоқов аз шаҳри Ваҳдат гузошта шуд. Дар ниҳоят Ғазалшои Давлатшо бо партофти хеле зебо ҳарифашро мағлуб намуда, сазовори ин мукофоти олӣ гардид.
Шоҳҷоизаи дуюми Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ваҳдатро паҳлавони ҷавони тоҷик Сомон Аламов, ки бар паҳлавони ноҳияи Рӯдакӣ ғолиб шуд, соҳиб гардид.
Дар Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳунару маҳорати паҳлавонони ҷавон Ҷумъахон Элмуродов аз ноҳияи Темурмалик ва Сомон Аламов аз шаҳри Ваҳдат аз дигар паҳлавонон хубтар буд, зеро бар панҷ-шаш ҳарифашон ғолиб омада, сазовори ҷоизаҳои олӣ гардиданд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






