Соли 2025 барои занони ҳунарманди шаҳри Хуҷанд 40 грант ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд барои занони ҳунарманд дар соли 2025 40 грант дар ҳаҷми 165 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ин шумора 5 грант ба маблағи 8000 сомонӣ, 10 грант ба маблағи 5000 сомонӣ ва 25 грант ба маблағи 3000 сомонӣ мебошад.
Ин тадбир тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025» амалӣ мешавад.
Барои дарёфти грант озмун доир мегардад. Озмун тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» гузаронида мешавад.
Муҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо то 30 май муайян гардидааст. Хоҳишмандон метавонанд барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






