СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ. Дар доираи он дар вилояти Хатлон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли фарҳанги китобхонӣ эълон гардидани соли 2025 дар вилояти Хатлон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Идораи рӯзномаи «Хатлон» таҳти унвони «Фарҳанги мутолиа — омили рушди устувори ҷомеа ва инкишофи тафаккури эҷодӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд. Зимни ин ҳамоиш китобҳои тозанашри «Қадами файзбор» ва «Наврӯзномаи Хатлон» рӯнамоӣ ва ба ғолибони озмунҳои «Олиҳаи меҳр» ва «Занон — нигини тоҷи миллат» ҷоизаҳо тақдим карда шуданд.
Тавре аз Идораи рӯзномаи «Хатлон» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи конференсия аз таҳлили вазъи кунунии фарҳанги китобхонӣ, пешниҳоди роҳҳои рушди китобхонаҳо, мутолиаи босифат, мубодилаи таҷрибаҳои муваффақ, ҳамкории пурсамар байни муҳаққиқон, китобдорон, омӯзгорон ва дигар ниҳодҳои масъул иборат буд.
Зимни конференсия иброз гардид, ки Соли фарҳанги китобхонӣ баёнгари аҳамияти афзояндаи китоб ҳамчун воситаи бунёди андеша, таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди шахсияти комил дар ҷомеаи муосири тоҷик мебошад.
Иштирокчиёни ҳамоиш доир ба нақши калидии китоб дар рушди ҷомеа, бедор кардани завқи китобхонӣ байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати китобдорӣ ибрози назар намуданд.
Дар идомаи конференсия китобҳои тозанашри «Қадами файзбор» ва «Наврӯзномаи Хатлон» муаррифӣ гардиданд.
Китоби «Қадами файзбор» инъикосгари сафарҳои бобарору хотирмони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон буда, ба публитсистон, таърихнигорон, муҳаққиқон, хизматчиёни давлатӣ ва тамоми алоқамандони мутолиа манзур гардидааст.
Китоби «Наврӯзномаи Хатлон» таърихи пурғановати ҷашни Наврӯз, ҷанбаҳои маънавию фарҳангии он ва нақши ин ойини бостониро дар ҳаёти иҷтимоии мардум инъикос менамояд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки давоми як соли охир бо ибтикори аҳли эҷоди рӯзномаи «Хатлон» 12 номгӯй китоб ба нашр расидааст, ки дар самти татбиқи нақшаи чорабиниҳои Соли фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон қадами устувор мебошад.
Дар анҷоми ҳамоиш ба ғолибони озмунҳои «Занон — нигини тоҷи миллат» ва «Олиҳаи меҳр» Сипоснома, Диплом ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.
АКС: Идораи рӯзномаи «Хатлон»








«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






