СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ. Дар доираи он дар вилояти Хатлон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Апрель 23, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 23.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли фарҳанги китобхонӣ эълон гардидани  соли 2025 дар вилояти Хатлон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Идораи рӯзномаи «Хатлон» таҳти унвони «Фарҳанги мутолиа — омили рушди устувори ҷомеа ва инкишофи тафаккури эҷодӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд. Зимни ин ҳамоиш китобҳои тозанашри «Қадами файзбор» ва «Наврӯзномаи Хатлон» рӯнамоӣ ва ба ғолибони озмунҳои «Олиҳаи меҳр» ва «Занон — нигини тоҷи миллат» ҷоизаҳо тақдим карда шуданд.

Тавре аз Идораи рӯзномаи «Хатлон» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи конференсия аз таҳлили вазъи кунунии фарҳанги китобхонӣ, пешниҳоди роҳҳои рушди китобхонаҳо, мутолиаи босифат, мубодилаи таҷрибаҳои муваффақ, ҳамкории пурсамар байни муҳаққиқон, китобдорон, омӯзгорон ва дигар ниҳодҳои масъул иборат буд.

Зимни конференсия иброз гардид, ки Соли фарҳанги китобхонӣ баёнгари аҳамияти афзояндаи китоб ҳамчун воситаи бунёди андеша, таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди шахсияти комил дар ҷомеаи муосири тоҷик мебошад.

Иштирокчиёни ҳамоиш доир ба нақши калидии китоб дар рушди ҷомеа, бедор кардани завқи китобхонӣ байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати китобдорӣ ибрози назар намуданд.

Дар идомаи конференсия китобҳои тозанашри «Қадами файзбор» ва «Наврӯзномаи Хатлон»  муаррифӣ гардиданд.

Китоби «Қадами файзбор» инъикосгари сафарҳои бобарору хотирмони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон буда, ба публитсистон, таърихнигорон, муҳаққиқон, хизматчиёни давлатӣ ва тамоми алоқамандони мутолиа манзур гардидааст.

Китоби «Наврӯзномаи Хатлон» таърихи пурғановати ҷашни Наврӯз, ҷанбаҳои маънавию фарҳангии он ва нақши ин ойини бостониро дар ҳаёти иҷтимоии мардум инъикос менамояд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки давоми як соли охир бо ибтикори аҳли эҷоди рӯзномаи «Хатлон» 12 номгӯй китоб ба нашр расидааст, ки дар самти татбиқи нақшаи чорабиниҳои Соли фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон қадами устувор мебошад.

Дар анҷоми ҳамоиш ба ғолибони озмунҳои «Занон — нигини тоҷи миллат» ва «Олиҳаи меҳр» Сипоснома, Диплом ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.

АКС: Идораи рӯзномаи «Хатлон»

 

Апрель 23, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад