«Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе афзоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» шуруъ аз 7 майи соли равон парвозҳоро дар масири Душанбе-Мюнхен зиёд менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Парвозҳо ҳафтае ду маротиба- рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.
Тавре Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев иттилоъ дод, «зиёд кардани парвозҳо ба Мюнхен як қисми барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди авиатсияи гражданӣ буда, ба густариши ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоӣ ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ нигаронида шудааст. Ин тасмим самти стратегии ширкати ҳавопаймоиро оид ба тавсеаи шабакаи хатсайрҳои байналмилалӣ ва тақвияти алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Аврупо инъикос менамояд.
«Дар доираи татбиқи ин стратегия ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бозори байналмилалӣ хизматрасониҳоро фаъолона тарғиб ва пешбарӣ менамояд. Аз ҷумла, иштироки ҳамасола дар бузургтарин намоишгоҳи сайёҳии ITB, ки дар Олмон баргузор мегардад, бароямон имкони барқарории робитаҳои нави ҳамкориро дар бозори аврупоӣ ва ҳамзамон муаррифии Тоҷикистонро ҳамчун самти ояндадор фароҳам меорад. Пайваста кӯшиш менамоем барои мусофиронамон ҳангоми банақшагирии сафар бароҳатию интихоби бештарро таъмин намоем. Афзоиши шумораи парвозҳо ба Мюнхен, бешубҳа, барои ҳамватанони мо, ки дар Олмон кору зиндагӣ доранд, ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ, сайёҳону тоҷирон ва нафароне, ки ба дидорбинии хешу ақрабо ва ёру дӯстон мераванд, айни муддао хоҳад буд», -афзуд ӯ.
Парвозҳо аз Душанбе соати 00:10, аз Мюнхен — 17:00 (ба вақти маҳаллӣ) аз тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид






