Субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Апрель 16, 2025 08:55

ДУШАНБЕ, 16.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 16 апрел, соати 04:14 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маркази заминларза дар Тоҷикистон дар километри 320-уми самти ҷанубу ғарбии шаҳри Душанбе ва километри 121-уми самти ҷанубу ғарбии ноҳияи Ишкошим ба қайд гирифта шуд.

Маркази асосии заминларза Ҷумҳурии Афғонистон мебошад.

Дар Ҷумҳурии Афғонистон заминларза 5 балл, ноҳияи Ишкошим 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 16, 2025 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид