ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавӣ дар Аврупо назар ба дигар минтақаҳои сайёра зудтар ба вуқуъ меояд

Апрель 25, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 давоми таърихи тамоми мушоҳидаҳо дар Аврупо гармтарин сол гардид: дар минтақаҳои марказӣ, шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ ҳарорати рекордӣ сабт шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Ахбори СММ» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дар нашри нави гузориши солонаи Хадамоти тағйирёбии иқлим дар чаҳорчӯби барномаи «Коперник» ва Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ (WMO) хабар дода шудааст.

«Ҳар ҳиссаи иловагии дараҷаи баландшавии ҳарорат муҳим аст, зеро он хатарҳоро ба ҳаёти мо, иқтисодиёти мо ва сайёраи мо зиёд менамояд. Мутобиқшавӣ муҳим аст. Аз ин рӯ, WMO ва шарикони он кӯшишҳоро барои таҳкими системаҳои огоҳии барвақтӣ ва хадамоти иқлимӣ афзоиш медиҳанд, то тасмимгирандагон ва ҷомеа дар маҷмуъ устувортар бошанд. Мо дар ин масъала пеш меравем, вале мо бояд боз ҳам бештар ва тезтар пеш равем ва якҷоя амал кунем»,- мегӯяд котиби генералии Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ Селесте Сауло.

Ҳароратҳои рекордӣ

Ҳарорати миёнаи солонаи ҷаҳон соли 2024 аз ҳисоби миёнаи пешазсаноатии солҳои 1850-1900 тақрибан 1,55 дараҷа баланд буд. Дар баробари ин гармшавӣ дар Аврупо назар ба дигар қитъаҳои сайёра тезтар ба амал меояд,-иброз медоранд коршиносон. Қариб дар нисфи қораи Замин ҳарорати баланди солона сабт гардид. Шумораи рӯзҳо бо гармии «бошиддат», «хеле шадид» ва «аз ҳад шиддатнок» дуюмин зиёдтарин рӯзҳо давоми таърихи тамоми мушоҳидаҳо буд. Дар баробари ин давоми сол дар шароити иқлимӣ байни шарқ ва ғарби Аврупо тазоди ҳайратангез ба амал омад: дар шарқ ҳаво ниҳоят хушк ва дар ғарб намнок буд. Тибқи маълумоти гузориши Хадамоти тағйирёбии иқлим, ҳавои қисмати зиёди минтақои Аврупои шарқӣ аз ҳолати маъмулӣ хушктар буд ва қисмати шарқию баъзе ноҳияҳои ҷанубу ғарбии Русия давоми тамоми таърихи мушоҳидаҳо хушктарин солро аз сар гузарониданд.

Ҳодисаҳои фавқулодаи обу ҳаво

Соли 2024 60% ҳудуди Аврупо (ба истиснои Гренландия ва Шпитсберген) шумораи бештари рӯзҳоро бо «ҳолати шадиди гармӣ» аз сар гузарониданд- вақте ки ҳарорати ҳаво то 32 дараҷа ва бештар аз он эҳсос мешуд. Аврупо ҳамчунин калонтарин обхезиро аз соли 2013 инҷониб аз сар гузаронид. Қариб дар сеяки шабакаи дарёҳо ҳолати  аз ҳадди обхезӣ болотар ба мушоҳида расид. Аз тӯфонҳо ва обхезиҳо дар Аврупо тақрибан 413 000 нафар зарар дида, 335 нафар ҳалок шуданд. Зимнан дар Аврупои Шарқӣ давоми тамоми сол маҷрои дарёҳо аз ҳисоби миёна пасттар буд ва моҳи ноябр сатҳи пасттарини рекордии он давоми тамоми таърихи мушоҳидаҳо ба назар расид.

Тибқи арзёбӣ, бар асари сӯхторҳо дар Аврупо тақрибан 42 ҳазор нафар зарар дидаанд. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли 2024 дар натиҷаи сӯхторҳо дар Португалия давоми як ҳафта қариб 110 ҳазор гектар сӯхт, ки ин тақрибан чоряки тамоми майдони сӯхтори солонаи қитъаро ташкил медиҳад.

Талаф ёфтани пиряхҳо

Таносуби қаламрави Аврупо, ки сардиҳо дар он камтар аз 90 рӯз давом менамуданд, соли 2024 дар таърихи тамоми мушоҳидаҳо баландтарин гардида, нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи 50% қариб 69 фоизро ташкил дод. Тибқи ин гузориш, шумораи рекордии пасти рӯзҳо бо «сармои шадид» муайян карда шуд. Дар бисёр минтақаҳо низ рӯзҳои барфӣ нисбат ба ҳисоби миёна камтар мушоҳида шудаанд. Обшавӣ ва талафоти ях дар тамоми минтақаҳои Аврупо ба амал омад. Дар пиряхҳои Скандинавия ва Шпитсберген аз ҳама баландтарин суръати талафоти ҳаҷм давоми тамоми таърихи мушоҳидаҳо ба назар расид.

Мавҷҳои баҳрии гарм

 Дар маҷмуъ, давоми сол ҳарорати сатҳи баҳр дар минтақаи Аврупо давоми тамоми таърихи мушоҳидаҳо аз ҳама баландтарин- 0,7 дараҷа болотар аз ҳисоби миёна буд. Дар Баҳри Миёназамин баландтарин ҳарорати солонаи сатҳи баҳр сабт карда  шуд, ки ин аз рекорди қаблии соли 2023 муқарраршуда хеле зиёдтар аст.

Ҳарорати баландтарини сатҳи баҳр давоми сол ба мавҷҳои баҳрии  гарм алоқаманд буд, ки ин ба экосистемаҳои уқёнусҳо ва гуногунии биологӣ таъсири харобиовар дорад. Он ҳамзамон метавонад оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ низ дошта бошад.

Тадбирҳои андешидашуда 

Муаллифони гузориш ҳамчунин иброз медоранд, ки ҳиссаи истеҳсоли неруи барқ ​​аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда дар Аврупо соли 2024 ба ҳадди рекордии сатҳи баланд расида, 45 фоизро ташкил дод. Ба ғайр аз ин ҳоло 51% шаҳрҳои Аврупо нақшаи мушаххаси мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим доранд. Ба иттилои роҳбари Маркази аврупоии пешгӯиҳои обу ҳавои миёнанамуҳлат Флоранс Рабйе, ин арзиши маълумоти гузоришро барои қабули қарорҳои самараноктар таъкид менамояд.

Президенти Тоҷикистон дар ин маврид ҳушдор дода буданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханронӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ», ки 4-5 апрели соли равон дар шаҳри Самарқанди Узбекистон доир гардид, дар мавриди тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои нохуши он чунин иброз намуданд: «Тамоми ҷаҳон  имрӯз  рӯбарӯйи  мушкилоти тағйирёбии иқлим қарор дорад ва минтақаи мо низ аз ин истисно нест. Оқибатҳои онҳо ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳои мо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамоянд.

Дар Тоҷикистон ҳаҷми  солонаи маблағгузории барномаҳои иқлимӣ беш аз 400 миллион долларро ташкил медиҳад ва дар ҳолати пайомадҳои бузург ин рақам ба 1,5 миллиард доллар мерасад.

Дар чунин шароит танҳо   саъю кӯшиши якҷояи кишварҳои минтақа ва дастгирии ҷомеаи чаҳонӣ дар  бартарафсозии ин мушкилот  ба мо кумак мерасонад.

Давоми  бист  соли охир ҷониби Тоҷикистон рӯзномаи  марбут ба обу иқлимро дар арсаи ҷаҳонӣ фаъолона пешбарӣ карда,  ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва устувории экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд».

Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабули 14 қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, онро заминаи мустаҳкам барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалӣ дар соҳаи захираҳои об номиданд.

«Ташаббусҳои ҷаҳонии мо инчунин ба татбиқи ҳадафҳо, аз ҷумла ҳадафҳои  «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» асос гузоштанд. Шубҳае нест, ки байни энергетика ва тағйирёбии иқлим робитаи зич вуҷуд дорад. Ба андешаи мо, рушди энергетикаи «сабз» метавонад қадами мусбат дар роҳи ҳифзи иқлим бошад»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.

Ҳоло дар Тоҷикистон 98 дарсади неруи  барқ  аз манбаъҳои  обии мамлакат истеҳсол карда мешавад. Мамлакати мо дар ҷаҳон  аз ҷиҳати истеҳсоли энергияи  «сабз» аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷойи шашум қарор дорад.

Гузашта аз ин, Тоҷикистон аз рӯйи ҳиссаи партовҳои газҳои гулхонаӣ бо нишондиҳандаҳои пасттарини ҳаҷми онҳо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дорад.

Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки  то соли 2032  пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия гузарад.

«Мо барои равонасозии саъю кӯшишҳоямон  ба таъмини суботи иқлим ва таҳкими ҳамкорӣ ба хотири ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об  минбаъд низ изҳори омодагӣ менамоем. Масъалаи нигоҳдории захираҳои  об на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми ҷаҳон муҳим буда, амалҳои мушаххаси устуворро тақозо менамояд. Аз ин хотир, мо  истифодаи технологияҳои муосири каммасраф  ва муносибати эҳтиёткоронаро  ба ин манбаи муҳими ҳаёт шарти   асосии кам кардани талафоти об  мешуморем.

Ҳамзамон мо даъвати ҷомеаи байналмилалиро барои афзун намудани  маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дастгирӣ менамоем. Ин ба давлатҳои осебпазир, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ имкон медиҳад, ки ба таъсири тағйирёбии иқлим мутобиқ шаванд»,-баён намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ
«Ховар» 

АКС: Хадамоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»/ сомонаи «АХБОРИ СММ»

 

 

 

Апрель 25, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш