Табибони тоҷик тариқи стентгузорӣ бемориҳои гуногунро табобат менамоянд

Апрель 26, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 26.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморе, ки гирифтори бемории саратони қисми антралии меъда буда, ин ҳолат боиси тангшавии пилорус мегашт ва ба гузариши рӯдаю меъда халал мерасонд, стент гузарониданд. Стенгузорӣ дар қисми пилорус (гурдарвоза) ва қисми ибтидоии рӯдаи дувоздаҳангушта-гузаргоҳи пилородуоденалӣ муваффақона анҷом дода шуд.

Мудири шуъбаи ташхису табобати Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо Сорбон Мусоев иброз намуд, ки вазъи саломатии бемор беҳтар аст. Ин ҷарроҳӣ хусусияти васеъшавӣ дошта, барои гузоштани хӯрок аз меьда ба рӯдаи 12-ангушта мусоидат мекунад.

Ба иттилои мутахассиси соҳа, стентгузорӣ дар гузаргоҳи пилородуоденалӣ, махсусан дар мавридҳои омосҳои амалинашавандаи меъда ва ғадуди зери меъда, инчунин дар ҳолатҳои тангшавии шадиди пайдоиши захмӣ ё чарбшуда, ки кумаки паллиативӣ талаб мекунад, тавсия дода мешавад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Апрель 26, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»