Тарофаҳои нави «Диёр»: интернети бештар, алоқаи бештар!

Апрель 10, 2025 11:19

ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Анор» — яке аз операторони аз ҳама ҷавон ва босуръат инкишофёбандаи алоқа дар Тоҷикистон тарофаҳоро бо дақиқаҳою интернети бештар ва озодии муошират бо нархҳои дастрас амалӣ намуд.

Давоми ду соли таърихи худ «Анор» боварии истифодабарандагонро бо пешниҳоди алоқаи босифат ва шартҳои муфид ба даст овард. Силсилаи нави тарофаҳо – ҷавоб ба дархости мизоҷоне аст, ки бе сарфи зиёдатӣ имконияти бештар ба даст овардан мехоҳанд.

Тарофаи «Диёр Ultra» бо нархи 65 сомонӣ дар як моҳ ба истифодабарандагон 65 000 Мб интернети мобилӣ пешниҳод менамояд, ки 30 000 Мб-и он дар вақти рӯзона дастрас буда, 35 000 Мб-и боқимонда шабона дастрас мебошад. Муштариён инчунин зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 1 000 дақиқа барои зангҳо ба операторони дигари мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50 SMS-ро дар ҳудуди тамоми ҷумҳурӣ ба даст меоранд.

Барои онҳое, ки варианти нисбатан дастрас ҷустуҷӯ доранд, тарофаи «Диёр Lite» бо нархи 35 сомонӣ дар як моҳ мувофиқ меояд. Он 35 000 Мб интернетро дар бар гирифта, 10 000 Мб аз ин ҳисоб дар вақти рӯзона ва 25 000 Мб дар вақти шабона дастрас мебошад. Ба ғайр аз ин ба баста зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 500 дақиқа барои алоқа бо муштариёни операторони дигари мобилии Тоҷикистон ва 50 SMS дар ҷумҳурӣ дохил мешаванд.

Барои онҳое, ки интернети бештар дастрас кардан мехоҳанд, бастаи иловагии «Диёр +5000 Мб» имконияти беҳтарин аст. Ҳамагӣ бо нархи 25 сомонӣ Шумо 5 000 Мб-и иловагӣ ба даст оварда, имкон пайдо менамоед, ки доим дар алоқа бошед, видео тамошо намоед, мусиқӣ гӯш кунед ва замимаҳои дӯстдоштаро бе маҳдудият ба кор баред.

«Мо аз ҳар муштарии худ барои боварӣ ва дастгирӣ миннатдорем!  Давоми ду сол ба «Анор» на танҳо муяссар шуд, ки мавқеи худро дар бозор мустаҳкам намояд, балки он инчунин ба операторе табдил ёфт, ки ба истифодабарандагони замонавӣ имконияти муносиб пешниҳод менамояд. Тарофаҳои нави мо – қадами навбатӣ сӯи он аст, ки алоқа дар Тоҷикистон боз ҳам дастрас, муносиб ва муфид гардад», — гуфт директори амалиётии ширкати «Анор» Юрий Глушенко.

Хабарҳои ширкати «Анор»-ро дар сомона ва саҳифаҳои расмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед.

АКС: ширкати «Анор»

Апрель 10, 2025 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад