Телефони боварии Кумитаи рушди сайёҳӣ мушкилоти ҷаҳонгардони хориҷӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва шаҳрвандонро бартараф менамояд
ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 21 марти соли равон дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба сайёҳони хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ телефони боварӣ ташкил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳони хориҷӣ дар ҳолати зарурӣ метавонанд ба телефони боварии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рақамҳои 118-200-200 аз соати 8:00 то 17:00 (аз душанбе то ҷумъа) мустақиман тамос гиранд. Инчунин метавонанд аз тариқи паёмак (Whatsapp, Telegram) муроҷиат намоянд.
Бояд гуфт, ки дар ин давра кумита дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, Хадамоти гумрук, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Консулӣ ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми муроҷиат ба сайёҳони хориҷӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва шаҳрвандон кумакҳои амалӣ ва машваратӣ расонид.
Аз ҷумла, ҳангоми мушкилиҳои гумрукӣ дар гузаргоҳи сарҳадии Дӯстии Узбекистон, ба мушкилӣ дучор шудани 12 сайёҳи хориҷӣ аз шаҳри Самарқанд аз тариқи гузаргоҳи Саразми шаҳри Панҷакент ва ба 40 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дарёфти раводид, ки ба тариқи роҳҳои заминӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, мусоидат карда шуд.
Ҳамчунин ҳангоми иштибоҳан гирифта шудани бағоҷи шаҳрванди Индонезия аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Фурудгоҳи байналилалии Душанбе кумак расонида шуд.
Ҳамзамон ба муроҷиаткунандагон аз ҷониби масъулони кумита ва вазорату идораҳои дахлдор дигар кумакҳои амалӣ ва машваратӣ расонида шуданд.
Бехатарӣ яке аз омилҳои таъсиррасони рушди сайёҳӣ мебошад. Аз ин рӯ дар Тоҷикистон бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид






