Тут меваи ширину лазиз буда, масунияти инсонро баланд мебардорад

Апрель 27, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 27.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тут на танҳо чун дарахти зиёдумри сояафкану серҳосил машҳур аст, балки ҳамчун меваи аз таркибҳои кимиёвӣ бой маъмул аст. Тут дар худ калсий, магний, оҳан ва дигар элементҳои фоидаовар дошта, ба баланд гардидани системаи масуният мусоидат менамояд.

Фоидаи тут барои организм он аст, ки ҷигарро аз чарбҳои зиёдатӣ пок мекунад. Ҳамзамон барои одамоне, ки вазни зиёдатӣ доранд, муфид буда, кори микрофлораи рӯдаро хуб менамояд.

Бояд гуфт, ки дар дунё қариб 24 намуди тут мавҷуд буда, дар Тоҷикистон бештар тути сафед, тути сиёҳ ва сурх (шоҳтут) мерӯянд. Таркиби кимиёвии тут аз қанд (глюкоза, фруктоза, сахароза), кислотаи органикӣ, флавоноидҳо, то 2,4 фоиз равғанҳои эфирӣ, 0,7 фоиз гликозидҳо, инчунин витамини С, каротин, витамини гурӯҳи В иборат аст.

Таркиби меваҳои тут инчунин аминокислотаҳо, ба монанди аланин, валин, гликогол, лейтсин, фенилаланин ва аргинин дорад. Дар барги тути сиёҳ флавоноидҳо — 1,3 фоиз, глюкозидҳо — 0,8 фоиз, кислотаи органикӣ — 2,21-6,37 фоиз, карбогидратҳо — 15 фоиз ва витамини С то 620 мг фоиз мавҷуд аст.

Меваҳои намуди гуногуни тут барои беҳтар намудани ҳазми хӯрок ва кори рагҳои хунгард истифода бурда мешаванд. Меваҳои шоҳтутро дар намуди тару тоза ва коркардшуда дар тибби халқии Тоҷикистон барои баланд кардани масуният ва беҳтар кардани раванди ҳазми хӯрок тавсия додан мумкин аст. Дар маводи табобатӣ инчунин барг ва решаи ҳама гуна тутҳо истифода мешаванд. Баргҳои тару тозаи тутро барои муолиҷаи захмҳои пӯст, махмалак, дерматит, хоришак, испарма (крапивница) тавсия медиҳанд. Барги тут барои муолиҷаи бемории диабети қанд, бемории гипертонӣ, баъзе бемориҳои руҳӣ тавсия шуда, чой аз барги тути сафед ҳангоми авитаминоз, камхунӣ, хастагӣ ва диабети қанд тавсия дода мешавад.

Инчунин решаи танаи дарахти тут барои таҷдиди захм ва ҳангоми бемориҳои дилу рагҳо тавсия мешаванд. Аз хокаи барги хушконида дар асоси равғани маска малҳам тайёр менамоянд, ки ҳангоми бемории сил, экзема, псориаз, дерматити аллергӣ ба пӯст мемоланд.

Ҳамзамон хусусиятҳои шифобахшии тути хушккардашударо донишмандон барои беморони гирифтори қалб, фишорбаландӣ, тоза кардани гурдаҳо ва узвҳои ҳозима тавсия додаанд.

Барги тут барои тайёр кардани ашёи хом истифода шуда, меваи ширинаш ғизои одамон аст. Ин навъи мева барои бардавомию дарозумрии инсон муфид аст.

Хулоса, меваҳои дарахти тут дорои миқдори зиёди пайвастагиҳои биоактивӣ мебошанд. Инҳо минералҳо, витаминҳо, кислотаҳои органикӣ, антиоксидантҳои гурӯҳи полифенолҳо ва ғайра мебошанд. Ба туфайли чунин таркиби бой тут барои бадани инсон таъсири шифобахш дорад. Аммо истифодаи аз меъёр зиёди онро табибон тавсия намедиҳанд.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 27, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛИИ ИННОВАТСИОНӢ. Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон
МАҶМААИ САЙËҲИЮ ИСТИРОҲАТИИ «ЧОРЧАМАН». Маконе, ки чашм аз тамошои он серӣ надорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст