ВАТАНРО ЧУН МОДАРИ ХЕШ ДӮСТ БОЯД ДОШТ! Ҷавонони сарбаланди шаҳри Ваҳдат хизмат дар сафи Артиши миллиро шараф меҳисобанд

Апрель 3, 2025 15:36

ВАҲДАТ, 03.04.2025./АМИТ «Ховар»/. Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ҷамъомади  гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки зимни он 210 даъватшуда ба сафи Артиши миллӣ раҳсипор гардид. Дар ин хусус ба   хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки «хизмат ба Ватан – Модар бояд барои ҳар ҷавонмард ифтихору шараф бошад. Ватанро чун модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намудан қарзи фарзандони бонанги миллат аст. Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва истиқлол неъмати бебаҳои миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт ва ҷасорату мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмат имкон доранд, ки моҳияти мафҳуми Ватан, давлат ва миллатро ба хубӣ дарк намуда, сабақи далерию шуҷоат ва садоқат омӯзанд».

Масъулини шаҳри Ваҳдат иброз доштанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар пайравӣ ба иқдоми шоистаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои муҳимро ба анҷом расонид. Дар шаҳри Ваҳдат дар ҳама маврид ташаббусҳои ҷавонон дастгирӣ карда шуда, ба баланд бардоштани ҳисси ватанпарварию худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ ва рушди маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат карда мешавад.

Дар ҷамъомад чанд даъватшуда иброз доштанд, ки «мо, ҷавонони тоҷик ба боварӣ ва эътимоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф гардидаем, ки ин барои мо ифтихор ва масъулияти бузург аст. Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистонро ба ҷавонон бовар намудаанд ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Артиши миллиро қарзи имонӣ ва ҷавонмардии ҳар ҷавони солимақл меҳисобем».

Дар ҳамоиш ба даъватшудагоне, ки  пеш аз гусел ба хизмати ҳарбӣ даври омӯзишии ронандагиро хатм намудаанд, ҳуҷҷати ронандагӣ тақдим карда шуд.

Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ваҳдат бо барномаи ҷолиб хотири ҳозиринро шод гардониданд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Апрель 3, 2025 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд