Рустами Эмомалӣ бо Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид аҳаммияти хос медиҳад ва онро яке аз шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад.
Зимни вохӯрӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳолати ҳамкории рӯзафзуни Созмони Милали Муттаҳид бо парламентҳои миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба саҳми мақомоти қонунгузори мамлакат, аз ҷумла палатаи болоии он дар амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ, татбиқи вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки ба Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор мутобиқ шудаанд, ибрози назар намуданд.
Баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба башарият, инчунин пешгирии офатҳои табиӣ ва ҳифзи пиряхҳо аз мавзуъҳои муҳимми мулоқот буданд.
Дар ин робита ҷонибҳо доир ба аҳамияти Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, табодули андеша намуданд.
Ба нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар баррасии масоили амниятӣ, бахусус вокуниш ба хавфу таҳдидҳои афзоишёбандаи ҷаҳони муосир, бахусус терроризм ва ифротгароӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъи имрӯза дар Афғонистон таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори барқарории сулҳу оромии комил ва рушди босуботи он буда, талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳидро дар ҷодаи барқарорсозии сулҳу субот дар ин кишвари ба мо ҳамсоя ҷонибдорӣ менамояд.
Дар идома аз сатҳи кунунии муносибатҳо ва таҳкими равобити дӯстона ва ҳамсоягии неки Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Имзои Шартнома байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ омили муҳимми таҳкими сулҳу субот ва муносибатҳои дуҷониба дониста шуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба дигар мавзуъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ табодули назар намуданд.










Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






