7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Дар Тоҷикистон барномаи рушди соҳаи алоқа таҳия карда мешавад

ДУШАНБЕ, 07.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 7 май дар Тоҷикистон Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа маҳсуб мешавад.
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28 декабри соли 2024) вобаста ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030, амалӣ намудани шабакаҳои насли 5G ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба роҳ мондааст.
Дар ин замина Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳури Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди соҳаи алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Ин барнома дурнамои тамоми самтҳои соҳаи алоқаи барқӣ, аз ҷумла танзими ҳуқуқии соҳа, муҳайё намудани шароити мусоиди рақобатпазир дар соҳаи алоқаи барқӣ, тақсимоти дурусти радиобасомадҳо ва назорату радиомониторинг, пайваст намудани тамоми идораҳои давлатӣ ва хизматрасони шабакаҳои телекоммуникатсионӣ дар ҳудуди ҷумҳуриро фаро хоҳад гирифт.
Ҳамчунин тибқи нақшаи кории Хадамоти алоқа ва лоиҳаҳои тарҳрезишудаи операторони алоқаи барқии мамлакат, то 3 соли оянда дар ҳудуди ҷумҳурӣ фарогирии шабакаҳои алоқаи мобилии насли 4G ва 5G то ба ҳадди 100% ва фарогирӣ бо интернети собит то ба 80% расонида мешавад.
Бо мақсади иҷро ва таъмини шароити зарурии техникии мусоидаткунанда ба амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вазорату идораҳои дахлдор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бахусус марказҳои тиҷоративу савдо, фурудгоҳ ва маконҳои фароғатию сайёҳии пойтахт шабакаҳои алоқаи Wi-Fi ташкил карда мешаванд.
Он ба фурӯшандаҳо ва харидорон имконият медиҳад, ки бе мамониат ба интернет пайваст шуда, тиҷорати электрониро ба таври ғайринақдӣ амалӣ намоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи алоқа сол аз сол ба муҳимтарин бахши самти иқтисодию иҷтимоӣ табдил меёбад, зеро алоқаи мобилӣ ва интернет ба рушди бисёр соҳаҳо таъсир доранд. Ҳамин аст, ки роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, тамоми имкониятро муҳайё месозад, то бо ислоҳоти ҷиддӣ самаранокии соҳаи алоқаро барои ҷомеа ва давлат афзоиш диҳад.
Алоқаи барқӣ, бахусус шабакаи интернет ба яке аз унсурҳои калидии рушд дар тамоми соҳаҳо табдил ёфта, бо таҳаввулоти рӯзафзуни навовариҳои технологияи муосир дар ҳоли рушд қарор дорад. Дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талабот нигоҳ доштани сатҳи хизматрасонии соҳа таваҷҷуҳи доимӣ ва талошҳои пайваста талаб менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар се моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон 330 истгоҳи базавӣ насб карда шуд. 19,4 километр хати нахи нурӣ барои вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони стансияҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет насбу амалӣ шудааст. Дар умум 16 ҳазору 753 стансияи базавӣ фаъолият дошта, насби стансияҳои базавӣ ва кашидани хати нахи нурӣ идома дорад.
Ҳамчунин 45 воситаи радиоэлектронии нав ба ҳисоб гирифта шуд. Миқдори умумии воситаҳои радиоэлектронӣ 29 467 ададро ташкил медиҳад.
Дар се моҳи соли 2025 даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ аз ҳисоби корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ 1 миллиарду 110 миллиону 586 ҳазору 505 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,45 фоиз зиёд аст.
Ҳамчунин аз ҳисоби даромадҳо ба буҷети давлат ба маблағи 155 миллиону 482 ҳазору 110 сомонӣ андоз ворид карда шуд.
Бояд гуфт, ки бо ибтикори Хадамоти алоқа хизматрасонии минбаъдаи ҳамёнҳои электронии ташкилоти молиявию қарзии ҷумҳурӣ ва саҳифаву барномаҳои мобилии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути интернет ба таври ройгон амалӣ мегарданд.
Шумораи истифодабарандагони интернет 3 289 адад зиёд гардида, ба ҳолати 1 апрели соли 2025 ба 34 051 (30 762 дар ҳамин давраи соли 2024) муштарӣ баробар шудааст.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, дар ин хадамот гардиши ҳуҷҷатгузории электронӣ бо имзои электронии рақамӣ ба роҳ монда шуд. Он ба суръат бахшидан ба равандҳои идора, коҳиш додани хароҷот, баланд бардоштани сатҳи назорат, масъулият ва шаффофият муосидат мекунад.
Инчунин хизматрасонии минбаъдаи ҳамёнҳои электронии ташкилоти молиявию қарзии мамлакат ва саҳифаву барномаҳои мобилии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути интернет ба таври ройгон амалӣ мегардад.
Тибқи таҳлилҳои гузаронида, дар ҷумҳурӣ сол аз сол шумораи аҳолӣ ва истифодабарандагони интернет афзоиш ёфта, беш аз 95 фоизи муштариёни алоқаи мобилӣ аз интернет истифода мебаранд.
Идомаи татбиқи ҳадафу нақшаҳои ишорашуда муҷаҳҳазгардонии техникӣ ва технологии шабакаҳои алоқаи мобилию ноқилиро талаб менамояд. Дар ин самт аз ҷониби Хадамоти алоқа лоиҳаҳои калонҳаҷми инфрасохторӣ тарҳрезӣ мешаванд.
Тадбирҳои андешида ва пешбинишаванда имконият медиҳанд, ки дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия амалӣ намудани шабакаҳои насли 5G густариш дода шавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни ба шабакаҳои алоқаи барқӣ пайвастшуда 8,3 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 5,3 миллион нафар муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд. Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,9 миллион нафар (53,8%)-ро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 4,7 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз