Ҳайати Бонки чаҳонӣ ҳолати кунунии татбиқи ҷузъҳои барномавии Лоиҳаи БРАМОМ-4-ро таҳлил менамояд
ДУШАНБЕ, 17.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муқаддимотӣ оид ба ифтитоҳи Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар доираи марҳилаи 4-уми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои минтақавии пайвастшавӣ дар Осиёи Марказӣ (Лоиҳаи БРАМОМ-4) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадафи ин намояндагӣ мусоидат ба татбиқи самараноки лоиҳа, таъмини рушди устувори инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани робитаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки мақсади асосии намояндагии Бонки ҷаҳонӣ гузаронидани таҳлили ҳамаҷонибаи ҳолати ҷории татбиқи ҷузъҳои барномавии Лоиҳаи БРАМОМ-4 мебошад, ки аз баррасии раванди умумии татбиқи ҷузъҳои лоиҳа, шиносоӣ бо вазъи идоракунии молиявӣ ва пардохтҳо, бастаҳои харид, муҳокимаи мониторинг ва баҳодиҳӣ ба нишондиҳандаҳои ҷадвали натиҷаҳо, таҳия ва мувофиқаи нақшаи чорабиниҳо барои тезонидани раванди татбиқи лоиҳа иборат аст.
Дар доираи намояндагӣ масъалаҳо дар самтҳои асосии фаъолияти қисмати 3-юми Муосирсозии платформаи технологияҳои иттилоотии коммуникатсионии гумрукӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва захираҳои кадрӣ дар Хадамоти гумрук, таҷдиди таҷҳизоти техникӣ барои назорати сарҳад ҷиҳати интиқоли борҳо ва мусофирон, инчунин натиҷаҳои ба дастомада аз фаъолияти қаблии намояндагии Бонки ҷаҳонӣ, ки моҳи ноябри соли 2024 гузаронида шуда буд, баррасӣ гардиданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






