Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи ҷаҳонии тандурустӣ иштирок дорад

Май 24, 2025 13:50

ДУШАНБЕ, 24.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи 78-уми Ассамблеяи ҷаҳонии тандурустӣ дар мавзуи «Институтсионилизатсияи таҳлили сиёсат дар асоси маълумот баҳри таҳияи сиёсати тандурустӣ» оғоз гардид, ки дар он ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.

Дар қисмати пленарии ҷаласа муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Зулфия Абдусаматзода оид ба рушди соҳаи тандурустӣ, дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳа ва ҳамкории муфид бо шарикон оид ба рушд сухан гуфт.

Иброз гардид, ки дастгирӣ ва кумаки Ҳукумати Тоҷикистон имкон дод то дар ҷумҳурӣ давомнокии умри шаҳрвандон зиёд ва фавти модарону кӯдакон коҳиш дода шавад. Маблағгузории соҳа дар 5 соли охир 2,5 маротиба зиёд гардида, корҳо дар самти мубориза ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд.

Сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саломуддин Юсуфӣ дар мавзуи «Қабули қарорҳо дар асоси маълумоти далелнок» маърӯза намуд.

Тазаккур дода шуд, ки соли 2024 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Маркази EPPI Донишгоҳи Коллеҷи Лондон (UCL) арзёбии васеъмиқёси экосистемаи сиёсати далелнокро оғоз намуд. Тадқиқот ба воситаи мусоҳибаҳо бо ҷонибҳои манфиатдор, гурӯҳҳои фокусӣ ва таҳлили беш аз 65 санади сиёсати тандурустӣ анҷом дода шуд.

Дар доираи ҷаласаи 78-уми Ассамблеяи ҷаҳонии тандурустӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори минтақавии Дафтари Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ оид ба давлатҳои Аврупо, роҳбари Ташкилоти шарикии Глобалӣ оид ба беҳтар намудани дастрасӣ бо воситаҳои ёрирасон ва муовини Вазири тандурустии Федератсияи Русия вохурӣ намуданд.

Ҷонибҳо барои боз ҳам беҳтар намудани ҳамкорӣ дар самти хизматрасонии тиббӣ, рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба ваксина ва ислоҳоти низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва дигар масъалаҳои соҳа мубодилаи афкор намуданд.

Ҷаласаи 78-уми Ассамблеяи ҷаҳонии тандурустӣ то 27 май идома ёфта, дар он намояндагони зиёда аз 200 давлати олам иштирок доранд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 24, 2025 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд