Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии роҳбарони Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода иштирок намуд.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон ба сифати яке аз давлатҳои муассис ва иштирокдори фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай барои таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани имиҷи ин Созмон саҳми созанда мегузорад.
Дар доираи вохӯрӣ дар мавзуи «Масъалаҳои модернизатсия ва нақши Иттифоқҳои касаба дар Созмони ҳамкории Шанхай» машварат баргузор гардид.
Баргузории чунин вохӯриҳо дар сатҳи Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба Иттифоқҳои касаба имкон медиҳад, ки мушкилоту имконотро дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром баррасӣ намоянд.
Дар доираи ин вохӯрӣ «Ҳамоиши роҳбарони Иттифоқҳои касабаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» баргузор гардид. Дар доираи ҳамоиш роҳбарони Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Ҳиндустон барои таҳкими ҳаракати иттифоқи касаба дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, табодули таҷриба ва ҳамкории бисёрҷониба байни ҳамдигар муколама намуданд.
АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон








Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд






