Ҳамкорӣ дар самти рушди технологияҳои инноватсионӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 07.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро дар самти татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон таҳким бахшад.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ зимни мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо мудири Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон хонум Саломе Штайб дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо доир ба фаъолияти Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон ва имконияти сармоягузории он ба лоиҳаҳои самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла вобаста ба лоиҳаи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон», ташаккули ҳукумати электронӣ ва таҳкими иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷом мусоҳибон барои густариши ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






