Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва иштироки Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб Валид Шимлон ал-Баҳар баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо ҷараёни тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва фондро дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, барқарорсозии шабакаҳои барқиву обёрӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон ҳайати Тоҷикистон ба роҳбарияти фонд барои дастгирии пайваста ва саҳми арзанда дар рушди инфрасохтори мамлакат, махсусан маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар тақвияти амнияти энергетикии Тоҷикистон нақши муҳим дорад, изҳори миннатдорӣ намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






