Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти саноатикунонии босуръат густариш меёбад

Май 1, 2025 10:16

ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Масъалаи ҷалби сармояи соҳибкорони  Чин  ба  бунёди коргоҳи истеҳсоли хишти пухта дар шаҳри Кӯлоб дар вохӯрии гурӯҳи соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, коргоҳ баъди фаъол гардидан  метавонад ба таври мунтазам бинокорони шаҳри Кӯлобро бо хишти пухтаи истеҳсоли маҳаллӣ таъмин намояд. Ин омил метавонад дар рушди босуръати биносозӣ ва шаҳрсозӣ дар шаҳри Кӯлоб заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар доираи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла сармоягузорону соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин  густариш меёбад.

Дар ин замина ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат тавсеа меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

 

 

Май 1, 2025 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд