«Атласи кӯлҳои пиряхии Тоҷикистон» нашр гардид
ДУШАНБЕ, 26.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Атласи кӯлҳои пиряхии Тоҷикистон» нашр гардид.
Тавре аз Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, «Атласи кӯлҳои пиряхии Тоҷикистон» дар ҳаҷми 65 саҳифа нашр гардид. Он бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ нашр шуда, дар рӯзи оғози Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо муаррифӣ ва дастрас мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
АКС: Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии мамлакат








Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ТАШАББУСКОРИ ҶАҲОНИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар робита ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Дар Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об баргузор гардид
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид






