Ба бузургдошти олими бузурги тоҷик Абумансури Мотуридӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд

Май 27, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 27.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 1155-солагии олими бузурги тоҷик Абумансури Мотуридӣ дар мавзуи «Абумансури Мотуридӣ-асосгузори каломи ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода ҷашни 1155- солагии Абумансури Мотуридиро на танҳо иқдоми муҳим, балки изҳори эҳтиром ба таърихи маърифат ва ирсоли паёме ба ҷаҳони муосир медонад, ки мо ворисони тамаддуни маънавии башарият ҳанӯз сухане барои гуфтан дорем.

«Дар шароите, ки ҷаҳони имрӯзро нофаҳмиҳо, ифротгароӣ ва бархӯрди арзишҳо фаро гирифтааст, бозгашт ба таълимоти муътадил ва маърифатмеҳвар чун таълимоти Абумансури Мотуридӣ аз нигоҳи сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад. Мотуридӣ чун фарзанди асили миллати тоҷик, мутакаллим ва мутафаккири барҷаста дар замони худ ба мактабе бунёд гузошт, ки дар он таъриф ва таъвили дин бар пояи ақл, виҷдон ва маърифат амалӣ мешавад»,-иброз намуд Абдулло Раҳмонзода.

Мактаби Абумансури Мотуридӣ ва каломи мотурудия ҳамчун равиши ақлонӣ ва таҳаммулгароёна дар доираи ислом шинохта шуда, то имрӯз аз заминаҳои муҳимтарини тавзеҳи мазмуни воқеии дини ислом ба шумор меравад. Дар маркази таълимоти мотуридӣ шинохти инсон ҳамчун мавҷуди озоду масъул қарор дорад. Ӯ ба ин ақида буд, ки инсон бо ақл ва виҷдон метавонад ба ҳақиқат бирасад ва дар доираи шариат озодона амал намояд. Аз ин дидгоҳ Мотуридӣ ба таассуб ва зоҳиргароӣ шадидан мухолифат варзида, тафсири ахлоқии шариатро тарҷеҳ додааст.

Таъкид гардид, ки ба ақидаи муҳаққиқон, равиши Мотуридӣ тавонист ақлу шариат, маърифат, мазҳаб ва виҷдонро ба тавозун дарорад. Дар натиҷа каломи ӯ ба мактаби меҳвари инсонгароёнаи дин табдил ёфт. Мактабе, ки на ба такфир, балки ба ҳамзистӣ даъват менамояд. На ба ихтилоф, балки фаҳм бо табодули динҳо ва мазҳабҳо. Ӯ олимест, ки ирфон, фалсафа, тафсир, ҳадис ва қонуни шариатро бо назари васеи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҳамоҳанг менамояд. Осори ӯ, аз ҷумла «Китоб-ут-тавҳид» ва «Панднома» аз далелҳои равшани ин мулоҳиза мебошанд.

Ба андешаи Абдулло Раҳмонзода, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чоп ва эҳёи ин китобҳои гуфташуда кори бузурге анҷом дод, ки он на танҳо эҳтиром ба шахсияти таърихӣ, балки навсозии фикрии ҷомеа низ мебошад.

«Мотуридӣ таълимоти худро барои он бунёд намуд, ки дини исломро аз зиндони зоҳиргароӣ берун оварад ва ба майдони ахлоқу маърифат дарорад. Имрӯз мо эҳтиёҷ дорем, ки аз ин манбаи илмӣ ва фалсафӣ истифода барем, то дар заминаи мубориза бо ифротгароӣ, таассуб ва такфирсозӣ роҳи наҷоти маърифатиро пайдо намоем»,-баён намуд мавсуф.

Дар конфронс иброз карда шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол анъанаҳои неки ниёгон, хосса давлати Сомониёнро нигоҳ дошта, нисбат ба илму олимон таваҷҷуҳи махсус дорад. Ҳар сол ба хотири гиромидошти донишмандон конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баргузор гардида, дар ин радиф осору аҳволи донишмандони гузашта аз диди нав омӯхта шуда, пешкаши хонандагони тоҷик гардонида мешаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 27, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд