Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Истаравшан маҷмуи майдончаҳои варзишӣ ифтитоҳ шуданд

Май 22, 2025 19:40

ДУШАНБЕ, 22.05.2025  /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол 22 май дар шаҳри Истаравшан маҷмуи майдончаҳои варзишии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” аз Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Маҷмуи майдончаҳо аз майдони бозии волейбол барои синфҳои поёнӣ, майдони бозии волейбол барои синфҳои болоӣ, майдонча барои баргузории дарси омодагии дифои ҳарбӣ ва майдони замонавии футболи хурд бо сабзаи сунъӣ иборат буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дастгирии кумитаи падару модарон дар давоми як сол бунёд карда шуд.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни суханронӣ ифтитоҳи маҷмуи майдончаҳои варзиширо дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон амали нек арзёбӣ карда, барои саҳмгузорӣ ба кумитаи падару модарон ва нафароне, ки иқдоми созандагиро дастгирӣ намуданд, миннатдорӣ баён кард.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан

Май 22, 2025 19:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад