Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор шуд

Май 21, 2025 11:38

ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ«Ховар» аз донишкада.

Дар саҳни донишкада устодону донишҷӯёни муассиса ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол намоиши дастоварҳояшонро манзури меҳмонону иштирокчиён намуданд.

Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода иброз намуд, ки «таҷлили ҳамасолаи рӯзи ҷавонон аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ин қишри ҷомеа буда, сиёсати давлатии ҷавонон дар сиёсати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус дорад. Дар замони муосир рӯ овардан ба ҷавонон ва истифода аз имконоти зеҳнию ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад».

Баргузории тамоми тадбиру чорабиниҳо байни ҷавонон ба боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ равона гардидааст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва мутобиқшавии ҷаҳони муосир мо бояд роҳу восита ва шаклҳои татбиқи андешаи миллиро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсат ва амният, ки хусусияти миллӣ ва симои маънавию сиёсии ҷавононро нигоҳ медоранд, пайдо намуда, дар ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо амалӣ намоем.

АКС: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов

Май 21, 2025 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд