Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва пуштибонии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии ҷавонон ҳамчун насли шоистаи замон ва неруи созандаю тавоно таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани силсилаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, стратегияю барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, квота ва ҷоизаҳои президентӣ барои ҷавонон, иқдоми шоиста дар самти дастгирии ҳамешагии ташаббусҳои неку наҷиби ҷавонони соҳибистеъдод ва амсоли инҳо шаҳодати равшани ин гуфтаҳо мебошанд. Ин матлабро 21 май Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода зимни ҳамоиши идона таҳти унвони «Пайки шубоб» бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол баён намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки маҳз ирода, садоқат ва кӯшишу талошҳои ҷавонпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки иқдоми шоистаи ҷавонон ва беҳтарин ташаббусҳои созандаи онҳо пуштибонӣ ёфта, ҷавонони мо дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат муваффақонаю сарбаландона фаъолият доранд. Солҳои охир ҷавонони мо бо шавқу завқи бештар ба илмомӯзӣ, азхудкунии донишҳои нав ва омӯхтани касбу ҳунарҳои замонавӣ рӯ овардаанд, ки ин, албатта, падидаи неку умедворкунанда мебошад.
Ҷавонон бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ҳиссаи арзишманд гузошта, бо ташаббус ва иқдоми созанда дар амри шукуфоии ҷумҳурӣ саҳми бориз мегузоранд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарият ва устодону донишҷӯён медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорнома ва Сипоснома тақдим гардид.
Ҳамзамон дастаҳои футболбозони Академияи идоракунии давлатӣ, ки ҷойҳои муайянро ишғол намудаанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






