Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд

Май 22, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва пуштибонии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии ҷавонон ҳамчун насли шоистаи замон ва неруи созандаю тавоно таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани силсилаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, стратегияю барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, квота ва ҷоизаҳои президентӣ барои ҷавонон, иқдоми шоиста дар самти дастгирии ҳамешагии ташаббусҳои неку наҷиби ҷавонони соҳибистеъдод ва амсоли инҳо шаҳодати равшани ин гуфтаҳо мебошанд. Ин матлабро 21 май Ректори  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода зимни ҳамоиши идона таҳти унвони «Пайки шубоб» бахшида ба  Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол баён намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки маҳз ирода, садоқат ва кӯшишу талошҳои ҷавонпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки иқдоми шоистаи ҷавонон ва беҳтарин ташаббусҳои созандаи онҳо пуштибонӣ ёфта, ҷавонони мо дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат муваффақонаю сарбаландона фаъолият доранд. Солҳои охир ҷавонони мо бо шавқу завқи бештар ба илмомӯзӣ, азхудкунии донишҳои нав ва омӯхтани касбу ҳунарҳои замонавӣ рӯ овардаанд, ки ин, албатта, падидаи неку умедворкунанда мебошад.

Ҷавонон бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ҳиссаи арзишманд гузошта, бо ташаббус ва иқдоми созанда дар амри шукуфоии ҷумҳурӣ саҳми бориз мегузоранд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарият ва устодону донишҷӯён медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорнома ва  Сипоснома тақдим гардид.

Ҳамзамон дастаҳои футболбозони Академияи идоракунии давлатӣ, ки ҷойҳои муайянро ишғол намудаанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 22, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд