Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдакон дар ноҳияи Рашт барномаи бошукуҳи идона доир гардид
РАШТ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдакон дар ноҳияи Рашт барномаи бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода кӯдаконро бахти ҳар оила ва ояндаи миллат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки «таъмин намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва омӯзишу парвариши кӯдакон аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳидояту роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак таҳти назорати доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамзамон аз ҷониби давлат барои амалишавии орзую ормонҳои кӯдакон, бахусус кӯдакони ятиму бепарастор дилсӯзию меҳрубонии хосса зоҳир мегардад».
Дар барнома бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Дар ҳамоиши тантанавӣ тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълимӣ бо иҷрои шеъру тарона, рақсу саҳначаҳои ҷолиб ва баромадҳои ҳунарӣ ба фазои идона шукуҳи бештар бахшиданд. Ҳозирин аз ҳунари кӯдакон ва тайёрии хуби онҳо истиқбол намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






